Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони Кӯлоб
Тавре иттилоъ доред, дар шаҳри Кӯлоб бар асари рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори ёрирасон зарар диданд.
Бо мақсади дастгирии саривақтӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии осебдида, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, бо таъсиси комиссия ва ситодҳо рафти бартарафкунии офатҳои табиӣ идома доранд.
Дар доираи тадбирандешиҳо, инчунин, ба оилаҳои зарардида кумакҳои моддӣ дастрас гардид. Аз ҷумла, ба аҳолии зарардида ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти аввалия 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас гардид.
Илова бар ин, барои барқарорсозии инфрасохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ расонда шуд.
Ҳамчунин, оилаҳо бо асбобу анҷоми рӯзгордорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ таъмин гаштанд.
Лозим ба таъкид аст, ки чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат нисбат ба аҳолӣ, махсусан дар ҳолатҳои душвор, бозгӯи амалишавии самараноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ин дастгириҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуданд.
Дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ сохторҳои дахлдор бо ҳамоҳангии комил фаъолият карда, тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Ин ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигар нишонаи сатҳи баланди ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар маҷмуъ, расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб боз як намунаи равшани сиёсати инсонпарварона ва ғамхоронаи давлат буда, барои барқарорсозии ҳарчӣ зудтари шароити муътадили зиндагии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
