https://sadoimardum.tj

Шарҳи қонун

Тасмаи бехатарӣ

№:56 -57 (5108-5109), 08 май 2026, 16:49
9

Ё 156 сомонӣ ҷарима?

Чанде пеш ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки яке аз онҳо пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ буд. Пас аз қабул ва ҷонибдорӣ шудан аз ҷониби парлумон Президенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» имзо гузоштанд, ки он 19-уми феврали соли равон баъд аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт.

Воқеан, борҳо мушоҳида кардаем, ки ронандагон танҳо дар сурати дидани корманди БДА фавран тас­маи бехатариро мебанданд. Ҳол он ки бастани тасмаи бехатарӣ на ба корманди БДА, балки ба худи ронанда ва мусофирони ҳамроҳи ӯ манфиат дорад. Афсӯс, ки бо гузашти наздик ба 100 соли собиқаи мошиндорӣ ва қонуну қоидаҳои ҳаракати роҳ дар кишвари мо ҳанӯз ҳам фарҳанги ронандагии баъзе ҳамватанон дар сатҳи зарурӣ рушд наёфтааст.

Мувофиқи маълумоте, ки муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҳангоми муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ироа кард, дар ҳудуди ҷумҳурӣ истифода нашудани тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандагон ва мусофирон рӯйдоди муқаррарӣ гаштааст. Бино ба иттилои сардори шуъбачаи ташвиқу тарғиботи раёсати Боз­расии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонбин Ҳакимзода, соли 2025-ум дар ҷумҳурӣ 1337 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 643 нафар ба ҳалокат расида, 1542 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Маълум гардид, ки аксари зарардидагон ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ тасмаи бехатариро истифода накардаанд.

Ба иттилои Абдураҳмон Аламшозода, мушоҳидаҳои канори роҳ нишон додаанд, ки ҳисоби миёнаи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар кишвар барои ҳамаи мусофирони нақлиёт 13,4 дарсад, ронандагон 24,5 дарсад, мусофирони пеш 8 дарсад ва барои мусофирони қафо ночиз аст.

Воқеан, мо бояд дарк кунем, ки тасмаи бехатарӣ дар нақлиёт як қисми зиёдатӣ ва нолозим набуда, ба хотири эмин нигоҳ доштани солимии ронанда ва мусофирон аз садама пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, тасмаи бехатарӣ ҷони бештари одамонро наҷот дода, фавти мусофиронро дар ҳодисаҳои роҳу нақлиёт то 50 дарсад коҳиш додааст. Бинобар ин, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии тамоми давлатҳо ҳангоми истифодаи воситаи нақлиёт бастани тасмаи бехатарӣ ҳатмист. Мутаассифона, дар мо он қариб истифода намешавад. Бинобар ин, дар таҳрири нави кодекси мазкур аз тарафи ронандагон идора кардани воситаи нақлиёт бе бастани тасмаи бехатарӣ ё интиқоли мусофирони дар курсии пеш нишаста, ки тасмаи бехатариро набастаанд, агар дар конструксияи воситаи нақлиёт тасмаи бехатарӣ пешбинӣ шуда бошад, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, (яъне, аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин шудааст. Ин дар ҳолест, ки пештар барои чунин намуди қоидавайронкунӣ ҷарима ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо буд.

Мавриди зикр аст, ки андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо қариб ҳар сол бо қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйир меёбад. Чунончӣ, тибқи қонуни мазкур, андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соли 2023-юм 68 сомонӣ, соли 2024-ум 72 сомонӣ ва соли 2025-ум 75 сомонӣ муқаррар гардида буд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» андозаи нишондиҳанда 78 сомонӣ муайян шудааст. Яъне, бо афзудани нишондиҳанда маблағи пардохти ҷаримаҳо низ зиёд мешавад, ки ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ронандагони бепарво – ҷаримасупорандагон беасар намемонад.

Абдураҳмон Аламшозода ҳангоми муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур илова намуд, ки нишондодҳо мушкилоти муҳими истифодаи тасмаи бехатариро дар кишвар собит менамоянд. Аз ин рӯ, бо моддаи алоҳида, яъне моддаи 317, ҷавобгарии маъмурӣ барои набастани тасмаи бехатарӣ пешниҳод шудааст, ки бевосита, ба баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ ва паст гардондани оқибатҳои вазнини ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мусоидат менамояд.

Баланд кардани меъёри ҷаримаҳо барои он аст, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ минбаъд масъулияти бештар эҳсос карда, аз эҳтиёт кор гиранд. Бинобар ин, минбаъд, дар баробари мушоҳидаи кормандони БДА, инчунин, камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» ва «Шаҳри ҳушманд» низ қоидавайронкуниҳоро сабт мекунанд. Тавре сардори шуъбачаи амалияи маъмурии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхон Ҳасанзода иттилоъ дод, пас аз 18-уми феврали соли 2026, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқваронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор гирифт, ҳамаи қоидавайронкуниҳои дар кодекси мазкур дарҷшуда тавассути камераҳо сабт ва ҷарима таъин карда мешавад. Бинобар ин, шаҳрвандонро мебояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд, зеро қоидавайронкунӣ, агар аз як тараф, боиси нороҳатӣ ва ноҳинҷории дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бошад, аз ҷониби дигар, бинобар баланд бардоштани меъёри ҷаримаҳо ба буҷети оилавӣ низ бетаъсир нахоҳад монд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: