https://sadoimardum.tj

Душанбе ғолиби Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» шуд

№:59 (5111), 15 май 2026, 13:20
5

7-уми майи соли равон дар ­Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзию зардӯзӣ баргузор шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, роҳбарони дигар вазорату идораҳо ва бонувони фаъоли кишвар иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи фестивал зикр шуд, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик баргузор гардид.

Дар фестивал ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми манотиқи кишвар намунаҳои беҳтарини эҷодиёти худро, аз қабили чакан, атлас, адрас, нақшдӯзию зардӯзӣ, бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш гузошта, зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд.

Тибқи баҳои ҳакамон, дар фестивал-озмуни мазкур шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойҳои дуюм, вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштанд.

Дар интиҳо барномаи фарҳангии рангин пешниҳоди тамошобинон гардид, ки хеле ҷолибу фараҳбахш буд.

Ёдовар мешавем, ки фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2026 соли якум аст баргузор мегардад.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: