https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкории парлумонӣ бо Туркманистон

№:60 (5112), 18 май 2026, 18:20
4

15-уми майи соли 2026 ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами давлатии Туркманистон мулоқоти маҷозии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркманистон доир шуд.

Зикр гардид, ки Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами давлатии Туркманистон аз санаҳои муҳим маҳсуб ёфта, рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва ваҳдати миллии Туркманистон мебошанд. Дар шароити муосир робитаи конститутсияҳо бо рӯзномаи байналмилалии рушд, пеш аз ҳама, бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 аҳамияти хос пайдо мекунад. Ин ҳадафҳо аз байн бурдани камбизоатӣ, таъмини тандурустӣ, таҳсилоти босифат, рушди иқтисодӣ ва коҳиши нобаробариро дар бар мегиранд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон аҳамияти иштироки парламентро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор нишон медиҳад. Парламенти ҷумҳурӣ санадҳоеро қабул менамояд, ки ба рушди маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва сиёсати ҷавонон равона шудаанд, инчунин, дар ташаккули заминаи ҳуқуқии «Стратегияҳои миллии рушд то соли 2030» мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки дар шароити муосир ­сиёсати давлатии ҷумҳурӣ ба дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодии аҳолӣ равона шудааст.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: