Истиқлолияти энергетикӣ ҷузъи муҳими амнияти миллӣ
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосири рушди давлатдорӣ соҳаи энергетика яке аз омилҳои калидии таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат бо назардошти имкониятҳои табиӣ ва ташаккулёбии захираҳои фаровони об рушди соҳаи энергетикаро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Ин мавқеъ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ равшан инъикос ёфта, энергетика ҳамчун пояи истиқлолияти иқтисодӣ ва амнияти миллӣ арзёбӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ низ таъкид намуданд: «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, татбиқи он шарти асосии рушди устувори иқтисод ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».
Истиқлолияти энергетикӣ имрӯз на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки ҷузъи муҳими амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини устувори неруи барқ фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, муассисаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори кишварро таъмин мекунад. Ҳамагон хуб дарк менамоем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ норасоии неруи барқ яке аз мушкилоти асосии кишвар ба шумор мерафт. Бо татбиқи сиёсати дурандешона ин мушкилот батадриҷ бартараф гардида, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди низоми энергетикӣ ворид шудааст. Зиёда аз ин, ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори бахшҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз», мунтазам чораҷӯйӣ менамояд.
Тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт., ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 млрд. кВт/соат, паст намудани талафоти неруи барқ ва истифода аз дигар сарчашмаҳо (энергияи офтоб, шамол ва ғайраҳо) пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳо дар ин давра татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтобӣ ва бодӣ), пешбинӣ шудааст.
Воқеан, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, то ба ҳол ҳамагӣ 5 дарсади захираҳои мавҷуда истифода мешаванд. Дар мавриди истифодаи имкониятҳои захираҳои мавҷуда, ки иқтидори он ба 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудааст, имкони қонеъ намудани на танҳо талаботи Тоҷикистон, балки кулли минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тоза мавҷуд мебошад. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки дар даҳ соли гузашта ба соҳаи энергетика беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ гардида, дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 МВт афзоиш ёфтаанд. Ҳамзамон, танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 МВт зиёд карда шудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» пурра ба анҷом расонида шуда, барои татбиқи он 1,8 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неругоҳ аз 114 МВт ба 174 МВт расонида шуд, ки афзоиш 60 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 млрд. кВт/соат ё 40 фоиз афзоиш ёфта, аз 17,2 млрд. кВт/ соат дар соли 2015 ба 24,2 млрд. кВт/соат дар соли 2025 баробар гардид.
Бо вуҷуди дастовардҳо маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ва талафоти он яке аз масъалаҳои мавҷудаи соҳа ба шумор меравад. Ҳукумати кишвар ҷиҳати бартарафсозии онҳо тадбирҳои таъхирнопазир амалӣ менамояд. Сабабҳои асосии ҳолати мазкур, пеш аз ҳама, ба афзоиши шумораи аҳолӣ, зиёд гардидани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва, дар маҷмуъ, болоравии ҳаҷми истеъмоли неруи барқ рабт дорад. Таъкид бояд кард, ки камбориш омадани тирамоҳи соли 2025 ва коҳиш ёфтани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ ба вазъи соҳа таъсири манфӣ расонд.
Зиёда аз ин, Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав бунёд гардида, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар шаҳрвандон шароити зисти худро беҳтар намудаанд. Танҳо дар ҳафт соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ҳамаи ин омилҳо боиси афзоиши талабот ба неруи барқ гардидаанд. Илова бар ин, талафи неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт, аз ҷумла 250 МВт дар вилояти Суғд ва 250 МВт дар вилояти Хатлон, оғоз гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо бояд то моҳи августи соли равон ба истифода дода шаванд. Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» пешбинӣ гардидааст, ки он заминаи устувори таъмини истиқлоли энергетикии кишварро фароҳам меорад. Танҳо соли 2025 барои идомаи босуръати корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз, тақрибан, 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Пешвои миллат роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузурги стратегиро вазифадор намуданд, ки бо масъулияти баланд ва риояи талаботи сифат корҳои сохтмониро идома дода, супоришҳоро дар муҳлати муайяншуда иҷро намоянд.
Дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувори соҳа арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҷалби тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон ба риояи фарҳанги истифодаи оқилонаи неруи барқ барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти хоса дорад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар қатори андешидани чораҳои амалии зикршуда бояд ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Зеро, раванди тағйирёбии иқлим ва ҳаводиси марбут ба об барои кишвари мо ҳамоно чун мушкилии ҷиддӣ боқӣ мемонад. Яке аз чунин мушкилот камшавии захираҳои барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо, бахусус, дар ҳавзаи дарёи Вахш, ки манбаи асосии тавлидкунандаи неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, маҳсуб меёбад. Яъне, мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии глобалии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печида гардонидаанд. Аз ин рӯ, ба мо - мардуми шарифи Тоҷикистон зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда сарфакорона истифода намоем. Чунки истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ, пеш аз ҳама, ба болоравии сатҳи иқтисоди оилаамон муосидат менамояд.
Н. ҲАСАНЗОДА,
Ф. САИДЗОДА,
О. АМИРЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
