Шарҳи қонун
Муҳлати қонунигардонии маблағҳо тамдид шуд, чаро?
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар имкони хуби қонунӣ намудани маблағҳояшон фароҳам шуд. Шахсоне, ки дар марҳилаҳои аввал имкони қонунигардонии маблағҳояшонро надоштанд, акнун метавонанд маблағҳои худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонунӣ гардонанд.
Қонуни мазкурро 5 январи соли 2026 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, 16 феврали соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ҳадафи тағйирот ба қонун ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодӣ миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки муҳлати татбиқи қонуни мазкур қаблан - аз 30 августи соли 2021 то 31 декабри соли 2025 панҷ маротиба тамдид шуда, дар ин давра, ба иттилои Фирдавс Толибзода, маблағҳои қонунигардонидашудаи шаҳрвандон 11,7 млрд. сомониро ташкил намудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дароз кардани муҳлати қонунигардонии маблағҳо ба як соли дигар ҳамчун чораи ҳадафнок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ заминаи мусоид барои ворид намудани дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ буда, ба фароҳам овардани ҷойҳои кори нав ҳам мусоидат менамояд. Тавре муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Одиназода гуфт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асл, як навъ авфи молиявӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад бе ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ дороиҳои худро қонунӣ гардонанд ва аз пардохти боҷ, фоиз ва ҷаримаҳо озод бошанд.
Ҳамчунин, номбурда зарурати тағйирот ба қонуни мазкурро шарҳ дода, иброз дошт, ки таҷрибаи татбиқ нишон дод, ки муҳлати аввалия (як сол) барои фарогирии пурраи шаҳрвандон нокифоя аст. Бо назардошти ин, муҳлати амалишавии қонун чанд маротиба тамдид гардид, то тамоми шаҳрвандон аз имконияти қонунигардонӣ баробар истифода намоянд.
Тибқи моддаи 10 қонуни мазкур, қонунигардонии маблағҳо дар бонкҳои кишвар бо гирифтани шаҳодатномаи дахлдор сурат гирифта, маълумот дар бораи сармояи қонунигардонидашудаи шаҳрвандон ҳамчун сирри бонкӣ ва таъмини амнияти маблағҳо кафолат дода мешавад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
