https://sadoimardum.tj

Мулоқоти муҳим дар Маҷлиси намояндагон

№:60 (5112), 18 май 2026, 18:25
4

15-уми майи соли 2026 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода доир ба амалишавии ду санади муҳим дар самти сиёсати ҳуқуқӣ - «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» мулоқот баргузор шуд.

Азиз Гиёзода иброз дошт, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини устувору татбиқи воқеии он вобастагӣ дорад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.

Зикр шуд, ки дар асоси «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2018-2028», сиё­сати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусияти асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд, ки ҳамбастагии ин консепсияро бо дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, амалияи танзим ва татбиқи ҳуқуқӣ нишон медиҳад.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода ва муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба рафти татбиқи ин ду санади муҳим табодули афкор намуда, ба саволу дархостҳояшон аз мас­ъулини соҳа посух гирифтанд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: