https://sadoimardum.tj

Мақоми омӯзгор

№:60 (5112), 18 май 2026, 18:27
4

Ё санаде, ки аҳамияти таърихӣ дорад

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, мавқеи иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва касбии омӯзгорро дар ҷомеа муайян менамояд ва барои баланд бардоштани нуфузи ин касби пуршараф ва масъулиятнок заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо ташаб­буси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз иқдомҳои муҳим ва таърихӣ дар самти рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Омӯзгор дар ҷомеа на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари насли оянда, ахлоқ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Омӯзгори соҳибмаърифат ва масъул дар рушди давлату миллат нақши босазо мегузорад. Қонуни мазкур на танҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки эътирофи арзиш ва мақоми баланди омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Ин иқдом омӯзгоронро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва содиқ ба Ватан ҳидоят мекунад.

Ин қонун масъулияти омӯзгорро ҳамчун шахси уҳдадор дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврасу ҷавон барои оянда ба таври возеҳ муайян мекунад ва водор месозад, ки ба касби худ содиқ монанд, дониши худро пайваста сайқал диҳанд ва усулҳои муосири таълимро дар раванди дарс истифода намоянд.

Аз ҷониби дигар, қабули қонуни мазкур ҳамчун қадами муҳим дар самти ислоҳоти соҳаи маориф арзёбӣ мегардад. Он ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгоронро мушаххас менамояд, ки ин, дар навбати худ, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва рушди устувори соҳа мусоидат намуда, барои такмили сиёсати давлатӣ дар самти маориф заминаи ҳуқуқии боэътимод фароҳам меорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии қонун баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор мебошад, зеро дар ҷомеаи муосир арзёбии дурусти нақши омӯзгор ҳамчун шахси тарбиятгар ва равшангар аҳамияти махсус дорад ва дар қонун ин мақом тавассути муқаррар намудани имтиёзҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо таҳким бахшида мешавад. Дар қонун ба ин ҷанбаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардидааст.

Дар баробари ҳуқуқҳо қонун уҳдадориҳои омӯзгоронро низ возеҳ муқаррар кардааст. Аз ҷумла, таъмини сифати баланди таълим, тарбияи ахлоқии хонандагон, риояи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малака. Зеро омӯзгорӣ на танҳо як касб, балки рисолати иҷтимоӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Бархӯрди манфиатҳо, доман паҳн намудани зуҳуроти номатлуби муосир, ба монанди терроризм ва ифротгароӣ, таассубу хурофот, бегонапарастӣ, низоми идоракунии андешаи муқовиматкунандаро талаб дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо мактабу маориф ва омӯзгор мебошад. Аз ҷумла, дар боби 2 моддаи 6, омадааст, ки «омӯзгор бояд таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд. Бо таълимгирандагон, новобаста аз миллат, нажод, дин ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона намояд».

Дар маҷмуъ, мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор буда, дар ин замина, аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбии омӯзгор таъмин мегардад.

Мо, ҳамчун омӯзгор, ифтихор менамоем, ки дар давлати соҳибистиқлоле фаъолият мекунем, ки дар он маориф ва омӯзгор дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Мавриди амал қарор гирифтани ин қонун моро ба фаъолияти боз ҳам пурмасъулият, эҷодкорона ва содиқона ҳидоят намуда, барои тарбияи насли ояндасоз заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Мастона ҲАИТОВА,

Фархунда БАДАЛОВА,

омӯзгорони МТМУ №20, ноҳияи Айнӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: