Баррасии ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Озарбойҷон
20-уми майи соли 2026 роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон бо Озарбойҷон Ғайрат Азиззода бо раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба захираҳои табиӣ, энергетика ва экология Садиг Гурбанов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон (соли 1992) ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон бомаром рушд карда, аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ расидааст. Ин дастовардҳо самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсии роҳбарони олии ҳарду кишвар маънидод гардид.
Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш менамояд, дар таҳкими шарикии кишварҳоямон ва рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи онҳо саҳмгузор бошад. Табодули таҷрибаи вакилони ҳарду кишвар ба нафъи тарафҳо ва пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ шуд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
