https://sadoimardum.tj

Собитқадамии Хуҷанд дар масири саноатикунонӣ

№:67 (5119), 04 июн 2026, 17:23
4

Саҳми саноат дар рушди иқтисоди миллӣ сол ба сол афзуда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босур­ъати кишвар амалисозии барномаҳои нави истеҳсолӣ вусъат меёбад.

Дар ин замина, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва дорои арзиши баланди иловашуда ба самти муҳими сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст. Аз ҷумла, ҳамасола соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бо ворид намудани хатҳои муосири истеҳсолӣ иқтидорҳои нави саноатиро мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд беш аз 300 коргоҳу корхона фаъолият дошта, маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол менамоянд. Имтиёзу сабукиҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорон ва соҳибкоронро барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҳавасманд намудааст.

Яке аз марказҳои муҳими рушди истеҳсолот Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» мебошад, ки аз соли 2009 инҷониб фаъолият дорад. Айни ҳол дар коргоҳҳои минтақа номгӯи зиёди маҳсулот, аз ҷумла профилҳои алюминию пластикӣ, мебел, дару тирезаҳои чӯбию плас­тикӣ, қубурҳо, зарфҳои пластикӣ, дучархаю сечарха, бозичаҳои кӯдакон, ноқилҳои барқӣ, зарфҳои қоғазӣ ва рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешаванд. Ҳамчунин, коркард ва бастубанди меваи хушк ва асал мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шудааст.

Корманди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Озод Ҳалимбойзода иттилоъ дод, ки ҳоло дар МОИ «Суғд» 50 субъект ба қайд гирифта шуда, 26 корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохт­монӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд. Ба гуфти ӯ, муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ тадриҷан натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 маҷмуи маҳсулоти саноатии МОИ «Суғд» ба 128,2 миллион сомонӣ баробар гардид. Имтиёзҳои давлатӣ ба соҳибкорон имкон дод, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ содироти маҳсулотро низ афзоиш диҳанд. Корхонаҳои «Сайр Суғд», «КФ Фортуна Ко», «Арча мебел» ва дигар ­суб­ъект­ҳои фаъол барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда талош доранд.

Дар шаҳр бошад, давоми чор моҳи соли равон 10 корхонаи нав ба истифода дода шуда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 773 миллион сомонӣ расидааст. Содирот 135 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Папирус» мебошад, ки соли 2023 ба фаъолият оғоз намуд. Корхона ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ машғул буда, содироти дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албомҳоро ба давлатҳои Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон ба роҳ мондааст. Иқтидори шабонарӯзии корхона зиёда аз 200 ҳазор дона дафтар ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 5 миллион дона мерасад.

Дар рушди иқтидори содиротии шаҳр саҳми ҶДММ «САТН» низ назаррас аст. Фаъолияти корхона коркарди нахи пахтаро аз ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар бар гирифтааст. Дар ин маҷмаа шим ва нимшимҳои ҷинс, инчунин, дигар маҳсулоти нассоҷӣ истеҳсол мегардад. Танҳо дар чор моҳи соли равон корхона ба маблағи 28 миллиону 440 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёрро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Дар баробари рушди соҳаҳои ресандагию бофандагӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ низ дар шаҳри Хуҷанд тамоюли рушд дорад. Айни замон дар ин самт зиёда аз 120 коргоҳу корхона ба қайд гирифта шудааст. ҶДММ «Шириниҳои Анас» аз ҷумлаи чунин корхонаҳои нав мебошад, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти қаннодӣ саҳми назаррас дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 40 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Хатҳои истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Россия ворид гардидаанд. Дар корхона айни ҳол 4 намуди ширинӣ истеҳсол мешавад.

Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои «Суғд саноат холдинг» моҳи марти соли равон ба истифода дода шуд. Дар он бо таҷҳизоти муосир ва ашёи хоми маҳаллӣ ду намуди оби ташнагишикан истеҳсол мегардад. Соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда бо истифодаи пурраи имконоти технологӣ истеҳсолотро афзоиш дода, ҷойҳои нави кор таъсис диҳанд.

Мутахассисони соҳа мутмаинанд, ки дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд боз ҳам бештар истифода хоҳанд шуд. Ин раванд барои коҳиш додани воридот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, таҳкими иқтидори содиротӣ ва афзоиши ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад. Дар ин самт таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармояи мустақим аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.

Нодир ТУРСУНОВ,

"Садои мардум"

Ҳамчунин дигар маводҳо: