Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ
4-уми июни соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки арзёбии Хароҷоти давлатии ҳисоботи молиявӣ (PEFA) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як воситаи баҳодиҳии байналмилалӣ набуда, механизми муҳими таҳлили ҳолати воқеии идоракунии молияи давлатӣ, муайян намудани дастовардҳо ва самтҳои такмили минбаъдаи ислоҳот низ мебошад. Натиҷаҳои арзёбиҳои қаблӣ заминаи муҳим барои татбиқи ислоҳоти фарогир дар самти банақшагирии буҷетӣ, такмили фаъолияти хазинадорӣ, таҳкими назорати давлатии молиявӣ, рушди аудити давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти буҷетӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар таъмини назорати парламентӣ аз болои маблағҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
- Мо ҳамасола на танҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ»-ро баррасӣ менамоем, балки масъалаҳои стратегияи фискалӣ, дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисодӣ, самаранокии хароҷоти давлатӣ ва натиҷаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ низ мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Мо барои муколамаи ошкоро, мубодилаи афкор ва муҳокимаи касбӣ омода ҳастем. Маҳз чунин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки натиҷаҳои арзёбӣ ба воситаи муосири такмили сиёсати давлатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ табдил ёбанд, - иброз дошт Ғиёсиддин Ашурзода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
