https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

№:81 (5133), 27 июн 2026, 18:13
4

25-уми июни соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода зимни сухани табрикӣ иброз намуд, ки Ҷашни Ваҳдати миллӣ дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.

- Тавре Пешвои маҳбуби миллат пайваста таъкид медоранд, ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Воқеан, ба шарофати ваҳдати миллӣ, ки асос ва пойдории Истиқлоли давлатӣ мебошад, ба миллати куҳанбунёду фарҳангсолори мо муяссар гардид бо иқдомоти наҷибу арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангии худро эҳё ва ба бузургони арсаи сиёсат, илму адаби хеш арҷгузорӣ кунем. Дар ин радиф, ташаб­буси наҷибу камназир, фарҳанг­парварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи қаҳрамонфарзанди миллат, Президенти Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон - ба Ватан овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангу таърихи миллат Нисор Муҳаммад шоистаи таъкиди хос аст. Ин иқдоми барҷастаи Пешвои миллат нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва, албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан буда, дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад, - зикр кард Файзалӣ Идизода.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини, сулҳу субот ва якпорчагии кишвар маҳсуб мешавад: «Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ осон набуд. Он дар натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаву созандаи Роҳбари хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст».

Дар интиҳо Файзалӣ Идизода афзуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хос дорад, зеро таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун дарси ибратбахши таърихӣ ва таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Натиҷаи сулҳи мо, ки, албатта, самари талошу ташаб­бусҳо ва сиёсати санҷидаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба ҷаҳониён бори дигар собит намуд, ки тоҷикон, дар ҳақиқат, яке аз миллатҳои кӯҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: