https://sadoimardum.tj

Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

№:81 (5133), 27 июн 2026, 18:15
3

27-уми июни соли 2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Сокинони меҳанпарвари пойтахт!

Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар саросари мамалакат ҷашн гирифта мешавад, самимона муборакбод мегӯям.

Ин санаи муҳиму таърихӣ таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ­масъулияти бузурги шаҳрвандон дар роҳи ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми сарбаланди кишвар ба даст омадааст.

Маҳз, ҳамин арзишҳо барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар заминаи боэътимод фароҳам оварда, Тоҷикистонро ба сӯи рушду созандагии пайваста раҳнамун месозанд.

Дар шароити тағйирёбии босуръати раванд­ҳои ҷаҳонӣ ҳифзи фазои эътимод, таҳкими субот ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти бештар пайдо карда, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили пешбарандаи ташаббусҳои созанда, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмат менамояд.

Моро зарур аст, ки бо заҳмати содиқона, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои миллӣ барои ободии Ватан ва беҳбудии зиндагии мардум саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзиамон осоиши зиндагӣ, тандурустӣ ва файзу баракат, ба Тоҷикистони азиз сулҳи пойдор, пешрафти босубот ва фардои дурахшонро таманно дорам.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Ҳамчунин дигар маводҳо: