Баррасии робитаҳои парлумонӣ бо Кипр
28-уми майи соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо сафири Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргаллис вохӯрӣ намуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр 27 феврали соли 1992 барқарор гардида, бар пояи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум рушд намуда истодаанд.
Таъкид шуд, ки Маҷлиси намояндагон густариши муносибатҳоро байни кишварҳоямон муҳим арзёбӣ намуда, омода аст ҷиҳати ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҳамкорӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Кипр дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, маорифу фарҳанг, амният, мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар дониста шуд.
- Маҷлиси намояндагон омода аст барои тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ, тадбирҳои амалӣ андешад, - иброз дошт Азиз Гиёзода.
Ҳамчунин дигар маводҳо:




