https://sadoimardum.tj

Муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ

№:82 (5134), 01 июл 2026, 16:32
14

18-уми июни соли 2026 дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азиз Гиёзода оид ба вазъи иҷрои «Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2022, №АП-240 вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

Азиз Гиёзода зикр намуд, ки ​Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди саноат як қатор чораҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи асосии рушди саноат гардиданд. ​

Ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани соҳаи саноат ва дар асоси он баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар 7 барнома ва консепсияи рушди соҳаҳои мухталифи саноат таҳия шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода иброз дошт, ки талаботи имрӯза ва қонунгузории мо аз он иборат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба содиркунандаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёбад. Барои ин ҳамоҳангии ҷиддии сохторҳои давлатӣ, рафъи монеаҳои сунъӣ барои таъмини фаъолият ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ зарур аст.

Дар муҳокимаи парламентӣ, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: