Файзалӣ Идизода бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад мулоқот намуд
2-юми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода, нахуст, меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мо бар он боварем сафари мазкур яке аз рӯйдодҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ маҳсуб ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва густариши шарикии дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.
- Мо аз он қаноатмандем, ки ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар сол ба сол густариш ёфта истодаанд.
Маҷлиси намояндагон нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун воситаи муҳимми таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва тақвияти эътимоди мутақобил баланд арзёбӣ менамояд,- зикр кард Файзалӣ Идизода.
Дар идомаи суҳбат изҳори итминон шуд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ такони нав мебахшанд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
