Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо роҳбарони ҳайатҳои Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ»
28-уми майи соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим нақши пешбарандаи кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ ифода мекунад.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки форуми мазкур минбари муҳимест, ки тавонмандӣ ва нақши воқеии созандаи занонро дар таъмини суботи ҷомеа нишон медиҳад. Маҳз садоқату эътимод ва боварии занон ба ояндаи нек ва сулҳ форумро боз ҳам оммавию муваффақ мегардонад.
- Соли 2025 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмаи умумии СММ «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Ин қатънома барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар бораи об заминаи хуб мегузорад, - афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





