Андозбандии соҳибкорони инфиродӣ
Чаро моҳияти ин лоиҳаи озмоишӣ пеш аз татбиқ то андозае таҳриф шуд?
Чанде пеш Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози татбиқи лоиҳаи озмоишии андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ иттилоъ дод. Бинобар сабабҳои объективӣ ва субъективӣ на ҳама моҳияти ин ибтикорро дуруст дарк намуданд. Дар натиҷа, иқдоми мазкур то андозае таҳриф ва дар баъзе маврид аз тарафи нотавонбинону расонаҳои мазҳакаофар сӯйистифода гардид.
Аз ҷумла, овоза паҳн карданд, ки тамоми намудаи интиқол маблағ, ҳатто интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ё хизматрасониҳои рақамӣ мавриди андозбандӣ қарор хоҳад гирифт. Боиси нигаронӣ он буд, ки баъзе расонаҳо ва гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба осиёби паҳнкунандагони чунин овозаҳои беасос «об рехтанд».
Каме баъдтар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои пешгирии нофаҳмиҳо иқдом намуд ва шарҳ дод, ки лоиҳаи мазкур ба андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандон рабт надорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ё хизматрасониҳои рақамӣ мавриди андозбандӣ қарор намегиранд. Таъкид гардид, ки ҳадафи лоиҳаи озмоишии андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ аз ҷумла, дастгирии соҳибкории хурд, рушди иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани низоми муосиру шаффофи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Лоиҳа танҳо ба ҳолатҳое дахл дорад, ки шаҳрванд ба фаъолияти доимии соҳибкорӣ машғул буда, аммо расман ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар ҳоле, ки ҳангоматалабону «дилсӯзон» ва ба ном коршиносон вобаста ба таъсири манфии андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ бонги изтироб мезаданд, агентӣ ба имкону имтиёз ва сабукиҳое, ки дар заминаи ин лоиҳаи озмоишӣ барои соҳибкорон пешбинӣ гардидаанд, истинод намуд. Маълум гардид, ки ба шарофати андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 то 3 фоиз коҳиш ёфта, ҳисоб ва пардохти андоз ба таври худкор анҷом дода мешавад. Инчунин, ҳисоботи андозӣ ба шакли автоматикӣ омода шуда, теъдоди санҷишу зарурати ба ҷо овардани расмиёт кам мешавад. Муҳимтар аз ҳама, бақайдгирии соҳибкорӣ содаву дастрас ва истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ густурдатар хоҳад гашт. Яке аз бартариҳои дигари қобили мулоҳизаи лоиҳаи агентӣ ҷорӣ намудани низоми «кешбэк андоз» мебошад. Шаҳрвандон бояд мадди назар дошта бошанд, ки дар сурати амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ба харидор як фоиз маблағ дар шакли кешбэк баргардонида мешавад. Ин тадбир барои пурра аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ низ такон мебахшад.
Роҳандозии лоиҳаи агентӣ иқдоми муҳиму саривақтист, зеро барои баланд бардоштани сатҳи истифодаи низоми пардохтии ғайринақдӣ амалигардонии механизми ҳавасмандгардонӣ ва ҷоринамоии як қатор маҳдудият саҳм мегузорад. Вобаста ба ин, ошкор ва бартараф намудани тамоюлҳои манфие, ки ҳавасмандии соҳибкоронро барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ паст менамояд, аз қабили баробар будани сатҳи андозбандии низоми нақдию ғайринақдӣ, нисбатан баланд будани сарбории андозии соҳибкорон (омиле, ки соҳибкорон барои кам намудани он аз қабули пардохтҳои ғайринақдӣ худдорӣ менамоянд), мавҷудияти ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани маблағ аз суратҳисоби соҳибкорон муфид хоҳад буд. Дар кишварҳое, ки пардохти ғайринақдӣ васеъ истифода мегардад, иқтисодиёти ғайрирасмӣ кам мебошад, зеро иқтидор ва имконияти истифоданашуда, бахусус, дар бахши савдо ва хизматрасонӣ пурра муайян гардида, тамоми манбаъҳои даромад ба андозбандӣ фаро гирифта мешаванд.
Бино ба гуфти масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаи андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ, ҳамчунин, барои густариши фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ замина фароҳам меорад. Зеро дар он барои соҳибкорони инфиродӣ маҳдудияти гардиши маблағ ва талаботи ҳатмии гузариш ба шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст. Омили мазкур имкон муҳайё месозад, ки соҳибкорони хурд фаъолияти худро бе мушкилӣ рушд диҳанд, хизматрасониҳоро васеъ намоянд ва ҷойи нави кор таъсис диҳанд.
Низоми пардохти ғайринақдӣ яке аз ҷузъҳои асосии низоми молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи саривақтӣ ва самараноки сиёсати пулию қарзӣ, буҷетӣ, саривақту бехатар гузаронидани маблағ байни субъектҳо, ки ба истеҳсоли мол ва иҷрои кору хизматрасониҳо дар иқтисодиёти миллӣ ва берун аз он машғуланд, нақши муассир дорад. Ташаббуси зикршуда аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 маншаъ гирифтааст.
Солҳои пеш саҳми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар назаррас набуда, маблағи доираи маҳдуди хизматрасониҳои давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ пардохт мешуд ва танҳо марказҳои нисбатан бузурги савдо аз технологияҳои муосири пардохтии ғайринақдӣ истифода менамуданд. Ҳол он ки дар бештари кишварҳои рушдёфта низоми пардохти ғайринақдӣ ба таври пурра ҷорӣ гардида, саҳми пардохтҳои ғайринақдӣ зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад, ки ин омили асосии рушди иқтисодиёт, татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва кам гардидани иқтисодиёти ғайрирасмӣ дар ин кишварҳо мебошад.
Дар маҷмуъ, лоиҳаи озмоишии андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ ташаббусе маҳсуб мешавад, ки ҳадафаш дастгирии соҳибкорон, содагардонии муносибатҳои андозӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат аст.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
