Кирмакпарварӣ
Аз мушкилоти соҳа то қабули барномаи нави рушд
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2026 «Барномаи нави рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ ва қабул шуд, ки қадами муҳим дар самти барқарор намудани мавқеи соҳа, бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва гузоштани заминаи рушди устувори он мебошад. Ҳадафи асосии барнома зиёд намудани истеҳсоли пилла, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди содирот, ҷалби сармоягузорӣ ва муосир намудани технологияҳои коркарди пилла аст. Барнома панҷ самти асосиро фаро мегирад: ташкил ва рушди боғҳои тут, таъмини тухми босифати кирмак, такмили раванди парвариши кирмак, афзоиши истеҳсоли пилла ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр.
Тавре таҳлили мутахассисони соҳа оид ба вазъи соҳа нишон медиҳад, дар солҳои охир кирмакпарварӣ бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 447 тонна пилла истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2022 ба 376, соли 2023 ба 213, соли 2024 ба 358 ва соли 2025 ба 243 тонна расидааст. Яъне, дар муқоиса ба соли 2021 истеҳсоли пилла соли 2025 беш аз ду баробар коҳиш ёфта, иҷроиш 54,9 фоизро ташкил додааст. Мутахассисон сабабҳои чунин вазъиятро гуногун арзёбӣ мекунанд. Пеш аз ҳама, коҳиши заминаи хӯроки кирмак, кам шудани майдони тутзор, нигоҳубини нокифояи дарахтони тут, риоя нагардидани баъзе талаботи агротехникии парвариши кирмак ба истеҳсоли пилла таъсири манфӣ расонидаанд.
Дарахти тут асоси рушди кирмакпарварӣ мебошад. Бе ташкили заминаи устувори хӯрока рушди соҳа имконнопазир аст. Бинобар ин, барои таҳкими базаи хӯроки кирмак тадбирҳои муайян амалӣ шуда, дар доираи барномаҳои қаблӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 2,3 миллион бех ниҳоли тут ворид гардида, ба хоҷагиҳои кирмакпарвар тақсим шудааст. Ҳамзамон, зиёда аз 500 ҳазор бех ниҳоли тути ватанӣ дастрас ва шинонида шудааст. Бо вуҷуди ин, бунёди тутзорҳои нав ҳанӯз ҳам таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад. Бино ба иттилои муовини директори ҶСК «Пиллаи тоҷик» Назиршо Назаров, аз 43 шаҳру ноҳияи пиллапарвари ҷумҳурӣ танҳо 9 шаҳру ноҳия барои бунёди тутзорҳо на кам аз 5 гектар замин ҷудо намудаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар самти иҷрои вазифаҳои муайяншуда ҳамкории сохторҳои масъул ва мақомоти маҳаллӣ бояд тақвият дода шавад.
- Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз намудани коргоҳҳои нав дар заминаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» имкони коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст. Агар солҳои қаблӣ қисми зиёди пилла танҳо ҳамчун ашёи хом истифода мешуд, имрӯз дар кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Ин раванд ба яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати саноатии мамлакат - гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти тайёр мувофиқат мекунад,- изҳор медорад муовини директори ҶСК «Пиллаи тоҷик» Муҳиддин Исомаддинов.
Бо вуҷуди пешравиҳои муайян рушди минбаъдаи соҳа тақозо мекунад, ки масъалаҳои мавҷуда ба таври системавӣ ҳал карда шаванд. Таҷрибаи амалигардонии барномаи қаблии рушди соҳа барои солҳои 2020–2024 нишон дод, ки танҳо қабули барнома ва муайян намудани нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафҳо кофӣ нест. Зарур аст, ки механизми татбиқ, назорати иҷро, ҳамоҳангсозии байни сохторҳо ва иштироки фаъолонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ таъмин гардад. Тавре Назиршо Назаров гуфт, барои амалигардонии «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020-2024»-ум 202 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, 82,9 миллион сомонӣ ё 41 фоиз маблағгузорӣ гардидааст. Аз 4375 тонна пиллаи пешбинишуда бошад, дар давраи мазкур ҳамагӣ 1832 тонна истеҳсол шудааст, ки 42 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо зарурати таҳияи барномаи навро бо назардошти таҷрибаи андӯхта ва мушкилоти воқеии соҳа ба миён овард.
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026-2030» бо мақсади ислоҳи камбудиҳои давраи гузашта таҳия гардидааст. Дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили васеъ намудани майдони тутзорҳо, беҳтар намудани таъминоти тухми кирмак, баланд бардоштани ҳосилнокии парвариш, рушди коркарди саноатии пилла ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба, пешбинӣ шудаанд.
- Дар барномаи нав масъалаи рушди тутзорҳо низ ҷойгоҳи махсус дорад. Бунёди боғҳои нави тут бояд на танҳо аз рӯи миқдор, балки бо назардошти самаранокии истифодаи замин ва хусусияти иқлимии минтақаҳо амалӣ карда шавад. Истифодаи усулҳои муосири шинонидани тут, аз ҷумла тутзорҳои интенсивӣ бо шаклҳои гуногуни ҷойгиркунии ниҳолҳо, имкон медиҳад, ки аз як воҳиди замин бештар барг истеҳсол карда шавад. Дар ин самт, истифодаи навъҳои серҳосили тути ватанӣ муҳим аст. Тоҷикистон дорои захираи хуби генетикии тут мебошад ва олимони кишвар навъҳои мутобиқ ба шароити маҳаллиро офаридаанд. Аз ин рӯ, дар баробари воридоти таҷрибаи хориҷӣ бояд ба рушди истеҳсоли ниҳолҳои ватании босифат низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад, - мегӯяд Назиршо Назаров.
Ба андешаи мутахассисон, яке аз масъалаҳои калидии соҳа таъмини кирмакпарварон бо тухмии хушсифат мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сифати тухми кирмак ба ҳосилнокӣ ва сифати пилла таъсири мустақим дорад. Дар мавсими нави истеҳсолӣ ҶСК «Пиллаи тоҷик» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тибқи шартнома 17 ҳазору 200 қуттӣ тухми кирмаки хушсифат ворид намудааст. Ҳамзамон, барои дастгирии кирмакпарварон таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла тухми кирмак, ҳароратсанҷ, намисанҷ, маводи безараргардонӣ, коғазҳои махсус ва дигар воситаҳо, пешниҳод мегарданд. Ин тадбирҳо метавонанд ба баланд гардидани масъулияти истеҳсолкунандагон ва беҳтар шудани сифати маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат намоянд.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии 430 тонна пиллаи тар ба нақша гирифта шудааст. То моҳи июли соли 2026-ум 323,91 тонна пилла истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2025-ум 81,21 тонна зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда метавонад оғози марҳилаи нави эҳёи соҳа бошад, аммо барои таъмини рушди устувор зарур аст, ки баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар мадди аввал қарор гирад. Дар ин самт пешниҳодҳои олимони Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ аҳамият доранд. Аз ҷумла, онҳо зарур мешуморанд, ки ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот тақвият дода шуда, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи соҳа, аз қабили Чин, Ҳиндустон ва Корея, мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад.
Бунёди тутзорҳои интенсивӣ бо истифода аз навъҳои серҳосили ватании тут, ки аз ҷониби олимони соҳа офарида шудаанд, метавонад яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи таъмини базаи хӯроки кирмак бошад.
Дар ҳақиқат, ояндаи кирмакпарварӣ бе рушди заминаи илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тасаввурнопазир аст. Имрӯз дар ҷаҳон усулҳои нави парвариши кирмак, истифодаи технологияҳои сарфакунандаи захираҳо, идоракунии рақамии равандҳои истеҳсолӣ ва селексияи навъҳои устувор васеъ истифода мешаванд. Бино ба таъкиди мутахассисон, Тоҷикистон низ бояд бо истифода аз имконияти илмӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ба ин раванд ҳамқадам гардад.
Масъалаи дигаре, ки ба рушди соҳа таъсири мустақим мерасонад, баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истеҳсоли пилла мебошад. Имрӯз дар шароити рақобати бозорӣ танҳо зиёд намудани истеҳсолот кофӣ нест. Маҳсулоти истеҳсолшуда низ бояд дорои сифати баланд ва арзиши иқтисодии бештар бошад. Аз ин рӯ, риояи технологияи муосири парвариши кирмак, кам намудани талафоти истеҳсолӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳар як қуттии тухми кирмак бояд ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян гардад.
Тибқи пешниҳоди мутахассисони соҳа, ҳосилнокии пилла аз ҳар як қуттии кирмак бояд ба сатҳи на кам аз 40 килограмм расонида шавад. Ин нишондиҳанда метавонад ба зиёд шудани истеҳсоли умумии пилла ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии хоҷагиҳои кирмакпарвар мусоидат намояд. Барои расидан ба чунин натиҷаҳо, пеш аз ҳама, бояд технологияи парвариш, сифати ғизодиҳӣ, шароити нигоҳдорӣ ва сатҳи омодагии кирмакпарварон беҳтар карда шавад.
Маблағгузории «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026-2030», асосан, аз ҳисоби сармоягузории бахши хусусӣ, грантҳо, маблағҳои шарикони рушд ва дигар манбаъҳои иҷозатдодашуда пешбинӣ шудааст. Дар умум, маблағгузории барнома 59,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Тибқи нақша 65,8 фоизи маблағгузорӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва 34,2 фоиз аз ҳисоби шарикони рушд таъмин мегардад. Ин шакли маблағгузорӣ имкон медиҳад, ки барои рушди соҳа танҳо ба маблағҳои давлатӣ такя карда нашавад, балки имконияти сармоягузории дохиливу хориҷӣ, иқтидори корхонаҳо ва ташаббусҳои соҳибкорӣ низ истифода гарданд.
Дар маҷмуъ, эҳёи соҳаи кирмакпарварӣ масъалаи танҳо истеҳсоли пилла нест. Ин соҳа метавонад ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта, ҳамзамон, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши содироти маҳсулоти тайёрро таъмин намояд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
