Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони шабакаи телевизионии Евронюс Педро Варгас Сантос Давид
30 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Шӯрои директорони шабакаи телевизионии Евронюс Педро Варгас Сантос Давидро, ки бо мақсади иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ бо шабака дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ карда шуданд.
Зикр гардид, ки иштироки роҳбарияти Евронюс дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва инъикоси ҳамоиши мазкур аз ҷониби шабака барои огоҳонӣ ва идомаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат менамояд.
Инъикоси васеъ ва тарғиби ёдгориҳои таърихӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои варзишии кишвар тариқи шабакаи шинохтаи ҷаҳонӣ ҳамчун афзалиятҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба номида шуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





