ВМКБ. Рушди саноати кӯҳӣ вусъат дорад
Таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегардад ва ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба мақоми олии қонунбарори кишвар бори дигар таъкид ҳам намуданд ва дастур шуд, ки барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот чораандешию ҷалби сармоягузориҳои мустақим бояд дар ин самт тақвият дода шавад.
Бо назардошти аҳамияти хосу калидии соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ саноатикунонии босуръат дар «Стратегияи милли рушд барои давраи то соли 2030» яке аз чаҳор ҳадафи стратегӣ муайян гардида, бо дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат солҳои охир рушди соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъати тоза касб намудааст. Дар ин замина, бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва зарфиятҳои воқеии вилоят дар самти рушди саноат «Барномаи рушди саноати ВМКБ барои солҳои 2025-2030» таҳрезӣ гардид. Тавре мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Сураҷ Тоҳирҷонзода изҳор дошт, ҳоло дар ҳудуди вилоят беш аз 190 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар таъмини рушди устувори иқтисодии он саҳми назаррас доранд. Танҳо давоми панҷ соли охир дар ВМКБ 148 корхонаи саноатӣ бунёд шуданд ва ин, албатта, дастоварди арзанда ба ифтихори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Бадахшон дорои захираҳои бойи табиӣ ва канданиҳои фоиданок буда, маҳз равнақбахшии саноати кӯҳӣ метавонад рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро ба сатҳи сифатан нави тараққиёт бароварда, барои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои иловагии кор мусоидат намояд, - гуфт номбурда.
Мувофиқи тавзеҳоти ӯ, дар ҳудуди вилоят 43 кон, 46 зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок, ки дорои сангу металлҳои қиматбаҳоянд, муайян шудаанд. Дар баробари ин, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа, дар вилоят зиёда аз 250 зуҳуроти канданиҳои фоиданок ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳафт кони он корҳои истихроҷи маъдани кӯҳӣ, аз ҷумла тилло, нуқра, мармар ва хокаи мармар, ба роҳ монда шуда, ашёи хом аллакай коркарду маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда истодааст.
«Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои табиӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор дода шудааст. Дар асоси барномаи мазкур КВД «Экспедитсияи иктишофии геологии Помир» корҳои иктишофӣ-геологиро роҳандозӣ намуда, айни замон дар мавзеъҳои Рангкӯли ноҳияи Мурғоб, Шазуди ноҳияи Шуғнон, Ахзев ва Шуҷанди ноҳияи Рӯшон барои муайян намудани мавҷудият ва захираи металлҳои нодир ва қиматбаҳо корҳои геологӣ-ҷустуҷӯиро пеш бурда истодааст.
Дар заминаи сиёсати «дарҳои кушод»-и кишварамон солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ афзуда, корхонаҳои муштарак, минҷумла дар соҳаи саноати кӯҳӣ, бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бунёд шуда истодаанд. Мисоли чунин ҳамкориҳо Корхонаи маъдангудозии муштарак миёни Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Мурғоб «С.А. Минералз» аст. Корхонаи мазкур дар самти коркард ва истеҳсоли нуқра фаъолият дошта, теъдоди кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ зиёда аз 100 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, дар ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Таком голд», ҶДММ «Шимшо» ва ҶДММ «Истиқлоли дурахшон» барои коркарди тилло ва металлҳои қиматбаҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намуда, дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят саҳми назаррас доранд.
Саноати кӯҳӣ барои иқтисодиёти вилоят ҳамчун омили такондиҳандаи рушди соҳа муайян гардидааст. Аз ин рӯ, ҳоло тибқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ барои солҳои 2026-2030» корҳои иктишофӣ-ҷустуҷӯӣ дар конҳои Икар ва Барҷи ноҳияи Рӯшон ба нақша гирифта шуда, дар баробари ин, барои бунёди корхонаҳои коркард ва истеҳсоли литий дар ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнон лоиҳаҳо тарҳрезӣ шудаанд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Ишкошим сохтмони корхонаи маъдангудозӣ аллакай оғоз гардид ва аз нисф зиёд корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи кишвар соли 2022 аз шахсони воқеии дорои иҷозатнома, ки бо усули «худфаъолӣ ва худбиёрӣ» дар вилоят фаъолият доштанд, ба маблағи 2243 510 сомонӣ тиллои пошхӯрда ва сангҳои қиматбаҳо харидорӣ шудааст. Дар соли 2024 танҳо аз ноҳияи Дарвоз ба маблағи 1196 478 сомонӣ маҳсулот ба хазинаи сарватҳои давлатӣ фурӯхта шуда, дар соли 2025 бошад, аз ин ноҳия ба маблағи 2042000 сомонӣ ва аз ноҳияи Ишкошим ба маблағи 95 000 сомонӣ, яъне дар умум, 2137000 сомонӣ маҳсулот ба хазинаи сарватҳои давлатӣ ворид шудааст.
Воқеан, давраҳои пеш ба чунин шуғлу кор ҷалб шудани шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳатҳо номумкин буд, вале ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, то имрӯз дилхоҳ шаҳрванд бо шуғлу кори сазовор ва писандида иқдом намуда, дар пешравии зиндагии худ, наздикону оила ва, умуман, тамоми кишвар саҳми арзанда гузорад.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
