https://sadoimardum.tj

Истиқлоли давлатӣ

№:90 (5142), 27 июл 2026, 17:06
5

Дастоварде, ки ҳамто надорад

«Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърих мебошад». Ин суханони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти арзишмандтарин неъмати давлатдории тоҷикон - Истиқлоли давлатиро возеҳ ифода менамоянд.

Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як рӯйдоди сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва устувор гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ шуд.

Солҳои аввали истиқлолият барои кишвар давраи ниҳоят душвору пурпечутоб буданд. Буҳрони сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисод, иҷтимоиёт ва амнияти кишвар зарари ҷиддӣ расонд. Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик бо хиради азалӣ ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагиро интихоб намуд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол мебошад. 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади сарнавиштсоз роҳи минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд.

Дар давоми солҳои истиқлолият даҳҳо қонун, барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар ин миён санадҳои муҳими марбут ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон, соҳибкорӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд.

Дар соҳаи иқтисод Тоҷикис­тон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Агар солҳои аввали истиқлолият иқтисоди миллӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буд, имрӯз кишвар ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид гардидааст. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикию саноатӣ ва истифодаи иқтидори табиии кишвар барои таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ заминаи устувор гузоштанд.

Дар ин миён сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, бахусус бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. Ин иншооти азими аср на танҳо барои таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, балки барои рушди иқтисод ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти муҳим дорад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст, ташаббускор ва дорои мавқеи фаъоли байналмилалӣ шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ буда, ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва густариши фарҳанги сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд. Қабули қатъномаҳои муҳим дар ин самтҳо далели равшани афзудани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддас ва бебаҳои миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.

Имрӯз, пас аз гузашти даҳсолаҳо аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Бунёди иншооти бузурги иқтисодӣ, рушди маорифу фарҳанг, таҳкими амният, гус­тариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мебошад.

Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо санаи тақвимӣ нест. Он ифтихори миллӣ, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарнавишти мустақили давлат мебошад. Истиқлолият ба мо имконият дод, ки давлатдории миллии худро эҳё намуда, бо такя ба таъриху фарҳанги қадимаи хеш барои бунёди Тоҷикистони наву пешрафта қадамҳои устувор гузорем.

Итминони комил дорем, ки бо такя ба ваҳдати миллӣ, меҳнати созанда ва ҳисси баланди ватандӯстӣ Тоҷикистон минбаъд низ роҳи рушди устувор ва пешрафтро идома хоҳад дод. Истиқлоли давлатиро, ки бузургтарин дастоварди миллат, пояи давлатдории миллӣ ва заминаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, бо арзиши ҷон ҳифз хоҳем кард.

Аломат БОБИЕВА,

ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе,

полковники адлия

Ҳамчунин дигар маводҳо: