Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Ҳамватанони азиз!
Сокинону наврасони хушиқболи пойтахт!
Дар саросари олам ҳамасола 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, бахусус, наврасону кӯдакони хушиқболи кишвари азизамонро самимона табрик менамоям.
Воқеан, кӯдакон муҳимтарин сарват, неъмати бебаҳо ва ояндаи неки имрӯзу фардои миллат буда, ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистқлолӣ ба масъалаи ҳифзи кӯдакон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо иқдомҳои созандаро анҷом медиҳад.
Бунёди садҳо муассисаҳои томактабӣ, майдончаҳои бозӣ, зери пуштибонии давлат қарор гирифтани кӯдакони ятим, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб ва бо тавонбахшӣ фаро гирифтани онҳо, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму ояндасоз ба камол расидани онҳо аз иқдомҳои пайвастаи кишвари мо дар роҳи ғамхорӣ ба кӯдакон арзёбӣ мегардад.
Бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми мардуми кишвар таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки шодию овози хандаи кӯдакони хушбахт зери осмони беғубори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша танинандоз гардида, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат ҷовидонӣ бошад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамватанони азиз!
Ҳамчунин дигар маводҳо:




