Қабули довталабон ба «Школа 21» оғоз шуд
Дар шаҳри Душанбе қабули нахустин довталабон ба «Школа 21» оғоз гардид. Лоиҳа бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сбер» амалӣ шуда, ҳадаф аз он омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди иқтисоди рақамии кишвар мебошад.
Зимни муаррифии лоиҳа таъкид гардид, ки «Школа 21» муассисаи муосири таълимӣ буда, дар он омода намудани кадрҳои рақамӣ бо усулҳои нави омӯзиш ба роҳ монда шудааст. Барои дохилшавӣ таҷрибаи қаблӣ дар барномасозӣ ҳатмӣ нест. Аз довталабон танҳо дониши умумӣ, шавқу ҳавас, ирода ва омодагӣ барои омӯзиш талаб карда мешавад.
Муовини якуми сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориён иброз дошт, ки рушди инфрасохтори рақамӣ бидуни кадрҳои соҳибкасб имконнопазир аст. Ба гуфтаи ӯ, «Школа 21» барои тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки дар ин мактаб усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол» истифода мешавад. Иштирокчиён дониш ва таҷрибаи худро мубодила намуда, дар гурӯҳҳо лоиҳаҳои воқеиро иҷро мекунанд. Ин тарзи омӯзиш на танҳо малакаҳои техникӣ, балки қобилияти кор дар даста, тафаккури мантиқӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳалли мушкилотро низ тақвият мебахшад.
Муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода таъкид намуд, ки бо таъсиси «Школа 21» дар Душанбе имкониятҳои нав барои омода намудани кадрҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияҳои рақамӣ фароҳам гардид.
Директори генералии «Школа 21» Рустам Айнетдинов гуфт, ки таҳсил дар ин муассиса аз чанд марҳила иборат аст. Аввал, довталабон санҷиши онлайниро мегузоранд, сипас, ба марҳилаи интихобӣ роҳ меёбанд, ки давоми 14 рӯз дар муҳити омӯзиши малака, сатҳи дониш ва қобилияти ҳамкорӣ бо дигарон арзёбӣ мешавад.
Пас аз бомуваффақият гузоштан аз марҳилаи интихобӣ донишҷӯён метавонанд зиёда аз 20 самти омӯзишро интихоб намоянд.
Давомнокии таҳсил бошад, аз суръати азхудкунии дониш вобаста буда, метавонад аз якуним то ду солро дар бар гирад. Омӯзиш пурра дар платформаи рақамӣ, бо муҳтавои доимо такмилёбанда ба роҳ монда мешавад.
«Школа 21» метавонад заминаи татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ ва рушди технологияҳои рақамиро дар кишвар боз ҳам тақвият бахшад.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
