https://sadoimardum.tj

Нақши занон дар ҳифзи пиряхҳо

31 май 2025, 11:36
7

Бо ин ном 29-уми майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва сиёсатмадорон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои обу иқлим буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил бо иттифоқи оро пуштибонӣ менамояд. 

- Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии занон дар ҳалли масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор хоҳад гузошт, -гуфт Д. Мансурӣ.

Инчунин, иштирокчиён мавзуҳои «Нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва «Ташаббусҳои созандаи занон дар ҳифзи пиряхҳо»-ро баррасӣ намуданд. 

Г. РАҲМОНОВА

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: