Аз нишастҳои матбуотӣ
Минтақаи Кӯлоб. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 108,6 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба 5 миллиарду 469 миллиону 661 ҳазору 400 сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,6 фоиз зиёд аст. Ин нуктаро Дилшоди Давлаталӣ, сардори раёсати кишоварзӣ минтақаи Кӯлоб, 28 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар майдони 143 ҳазору 117 гектар кишти зироатҳои кишоварзиро анҷом дода, нақшаро 103 фоиз иҷро намудаанд.
Дар давраи сипаришуда истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, 165 ҳазору 757 тонна ғалладона, 163 ҳазору 873 сабзавот, 28 ҳазору 23 картошка, 120 ҳазору 782 полезӣ, 44 ҳазору 271 мевагӣ ва 184 тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Ҳоло дар минтақа чорвои калони шохдор ба 503 ҳазору 556 сар, чорвои майда ба 1 миллиону 638 ҳазору 678 сар, паранда 1 миллиону 109 ҳазору 937 сар ва оилаҳои занбӯри асал бошад, ба 38 ҳазору 488 адад расидааст.
- Дар минтақаи Кӯлоб 116 хоҷагии моҳипарварӣ, 28 фермаи парандапарварӣ, 16 хоҷагии зотпарварӣ ва 56 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво фаъолият доранд, - гуфт ӯ.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
