Душанбе - гаҳвораи зуҳури дипломатия ҳамкорӣ дар соҳаи об
Бо ин ном 28-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ташаббуси Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар он Каримзода Мирзоқосим - муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Абдураҳим Шоҳиён - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Амирзода Ориф - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ ва собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об таконбахши болоравии нуфузу ҷойгоҳи давлати мо дар ақсои олам ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат дар доираи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об силсилаиқдомеро амалӣ намуданд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба он бетаъхир ҳамовозӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки пойтахти мамлакати азизи мо - шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об маҳсуб мешавад.
Дар идома М. Каримзода - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вобаста ба ташаббуси панҷуми Пешвои миллат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз ибтикорот ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Зеро яке аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи мамлакат дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ба манфиатҳои миллӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор мебошад.
Дигар иштирокдорон низ вобаста ба татбиқи босамари ташаббуси Тоҷикистон дар масоили обу иқлим ибрози назар намуданд.
Дар фарҷом як гурӯҳ аъзои ҳизб, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим саҳм гузоштаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





