https://sadoimardum.tj

Дар кишварҳои ИДМ «Соли сайёҳии кӯҳӣ» эълон мешавад

31 май 2025, 11:44
8

28-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Россия ҷаласаи Шурои сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарони вазоратҳои дахлдор ва намояндагони ваколатдори ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин, намояндагони Маркази тиҷоратии ИДМ оид ба рушди иқтисодии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.      

Аъзои Шуро тасмим гирифтанд, ки дар кишварҳои иттиҳод «Соли рушди сайёҳии кӯҳӣ» эълон шавад. Таъкид гардид, ки ҳар як кишвари ИДМ барномаҳои пуштибонии давлатиро қабул карда, марказҳои лижаронӣ бунёд намояд. 

Пешниҳод шуд, ки роҳхати байналмилалии сайёҳии кӯҳӣ ташкил ва стандартҳои ягонаи таснифоти хатсайрҳо ва навъҳои хатсайрҳои туристӣ таҳия шаванд. 

Ҳамчунин, дар қаламрави кишварҳои ИДМ таъсиси низоми ягонаи аттестатсияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ оид ба омода намудани роҳбаладон, наҷотдиҳандагон ва ҳайати роҳбарикунандаи соҳаи сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум» 

Ҳамчунин дигар маводҳо: