https://sadoimardum.tj

РОДМАРДИ ВАТАН

№:100 (5152), 26 авг 2026, 17:29
1

Сухансаро ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Агар ба сафҳаи зиндагиномаи инсонҳо назар андозем, пеши назар симои мардони бузурге пайдо мегардад, ки баҳри ободию пешрафти Ватани азиз, таҳкими истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва пойдории давлат хизматҳои шоиста кардаанд. Фарзанди сарсупурдаи миллат - ҳуқуқшиноси варзида, шахси боғайрат, нотарс, одил ва меҳрубон Шарипов Ҳомиддин Ҳасанович аз ҳамон ҷумла аст. Хизматҳои ӯ баҳри ҳифз ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва пойдории давлатдории миллӣ сазовори эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад.

Кордонӣ, дониши амиқ ва сатҳи баланди касбии Ҳомиддин Ҳасанович ӯро аз муфаттиши қаторӣ дар ШКВД-и ноҳияи Ёвон то ба вазифаҳои раиси суди собиқ вилояти Кӯлоб, раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон расонд.

Дар ҳар вазифае, ки ба зиммааш гузошта шуд, бо виҷдони пок, масъулияти баланд ва содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат кард. Ба ҳар коре, ки ба Ҳомиддин Шарипов супорида мешуд, ӯ бо ҷасорат, масъулият муносибат мекард.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997) дар баъзе минтақаҳо гурӯҳҳое буданд, ки ба раванди сулҳ мухолифат намуда, ба амалҳои террористӣ ва ҷинояткоронаи худ идома медоданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод, ки он замон Дарбанд ном дошт, гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ бо роҳбарии Мулло Абдулло ба амалиёти ҷинояткорона даст мезад. Онҳо аҳолии осоиштаро таҳдид намуда, ба куштору ғорат даст зада, молу мулки мардумро ғорат мекарданд. Мусофирони роҳи водии Рашт ба Душанбе низ аз озору шиканҷаи ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар амон набуданд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва барқарор намудани сулҳу субот бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарипов барои пешгирии фаъолияти гурӯҳи мазкур чораҳои зарурӣ андешид. Чунин амалиёт таҳти роҳбарии номбурда нисбат ба дигар гурӯҳҳои мусаллаҳу террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи «Раҳмон-гитлер» низ, анҷом дода шуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромӣ дар он минтақа барқарор гардид.

Ин гуфтаҳо муболиға ё бофта нестанд. Ман солҳои тӯлонӣ, дар маҷмуъ, 16 сол вазифаи котиби Шурои амниятро бар уҳда доштам. Дар он солҳои душвор бо Ҳомиддин Ҳасанович ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ва ҳалли мушкилоти сангине, ки пеши давлату ҷомеа қарор доштанд, паҳлу ба паҳлу кор кардем. Тӯли ин ҳамкорӣ ман шахсияти ӯро на танҳо ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, балки инсони содиқ ба Ватан аз наздик шинохтам. Аз ин рӯ, ҳар вақте сухан аз хизматҳои Ҳомиддин Шарипов меравад, ман, пеш аз ҳама, он солҳоро ба ёд меорам. Ӯ бо матонат ва ҳисси баланди масъулияти давлатӣ аз уҳдаи онҳо баромад.

Ёдат ба хайр, дӯсти азиз!

Амирқул АЗИМОВ,

мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия

Ҳамчунин дигар маводҳо: