https://sadoimardum.tj

Суҳбати Файзалӣ Идизода бо Шэн Юэюэ

№:71 (4967), 02 июн 2025, 18:06
2

31-уми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзалӣ Идизода ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин Шэн Юэюэ, ки дар доираи нахус­тин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳифзи пир­яхҳо имрӯз масъалаи бисёр муҳим ва мубрам ба шумор рафта, таҳти сарпарастии СММ қарор дорад. Дастгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ба мо имкон медиҳад, ки робитаҳои дӯстона ва саъю кӯшишҳоямонро доир ба ҳифзи табиат, истифодаи босамари об ва пешгирии офатҳои табиӣ муттаҳид гардонем, якҷоя амал намоем ва дар ин ҷода натиҷаҳои назаррас ба даст орем. 

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаву бисёрҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ҳисоб меравад. Дар таърихи муносибатҳои неки дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳоямон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Ҷинпин камназир аст. 

Зикр шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳоямон, ки пайваста густариш ёфта истодаанд, ба рушду таҳкими муносибатҳо дар дигар самтҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ғайра, мусоидат хоҳанд кард. 

Зимни суҳбат ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: