https://sadoimardum.tj

ВАСФИ ИСТИҚЛОЛ

№:102 (5154), 31 авг 2026, 16:52
12

Месароям маснади волои Истиқлол,

Медамад хуршед аз фардои Истиқлол.

Зери бори минати ғайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз ҳалвои Истиқлол.

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,

Аз ҷаҳони ишқ буд ҷӯёи Истиқлол.

Пири Тусӣ кард эҳё то Хуросонам,

Шоҳнома худ бувад эҳёи Истиқлол.

Миллати мо зист бо фарҳанги андеша,

То музаффар гашт дар дунёи Истиқлол.

Қисса шуд шеъру забони шаккарӣ моро,

Шеъри мо дорад ҳама маънои Истиқлол.

Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,

Оят-оят мекунам ифшои Истиқлол.

Ҳамватан! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз,

Саҷда бояд кард хоки пои Истиқлол.

Шаҳрия АДҲАМЗОД,

барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода

Ҳамчунин дигар маводҳо: