https://sadoimardum.tj

Сарнавишти дурахшон

№:104 (5156), 04 сен 2026, 16:53
6

Нуҳуми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон намуд, ки бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат мебошад. Ин санаи тақдирсоз ҳамчун рӯзи барқарории адолати таърихӣ ба шумор меравад, ки имрӯз мардуми кишвари маҳбубамон 35-солагии онро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Бояд зикр кард, ки маҳз бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷикон эҳё гашта, давра ба давра рушд намуд ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос пайдо кард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Бинобар ин, мо бо тамоми ҳастӣ ва эътиқоди ботинии худ бояд онро пос дорем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад».

Дарвоқеъ, Истиқлоли давлатӣ шиносномаи ҳастии миллату давлат буда, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату халқи мамлакатамон аст, ки бо ба даст оварданаш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ шуд. Дар ин радиф, кабули Конститутсия, рамзҳои давлатӣ - Нишон, Парчам, Суруди Миллӣ ва ташкили Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии кишвари азизамон аст, аз дастовардҳои даврони истиқлол ба шумор мераванд.

Имрӯз мардуми шарафманди мо ифтихор аз он доранд, ки кишвари соҳибистиқлоламон аъзои бисёр созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гашта, бо зиёда аз 190 давлати дунё робитаҳои хуби дӯстию ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пешравию дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад, ки ин дастовардҳоро метавон беҳисоб ва пурарзиш арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои устувор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои беназири он бо ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ амал намоем.

Умеда ЭМОМАЛИЗОДА,

муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Ҳамчунин дигар маводҳо: