Номаи табрикӣ
25-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Кочанова Наталя Ивановна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Наталя Ивановна,
Табрикот ва таманниёти самимонаи маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред.
Таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, фаъолияти бисёрсолаи парламентӣ ва садоқати Шумо ба кору хидмат сазовори эҳтироми амиқ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Беларусро баланд арзёбӣ намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хос медиҳад.
Итминон дорам, ки ҳамкориҳои фаъоли мо минбаъд низ ба рушд ва таҳкими муколамаи созанда миёни мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ ва ба Ҷумҳурии Беларус сулҳу субот ва рушди устувор орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
