Тоҷикистон ва ҷаҳон
АЗ ҲИФЗИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ БА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар баробари таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу суботи устувор дар арсаи байналмилалӣ низ роҳи назарраси рушду камолотро тай намуд. Агар дар марҳалаҳои нахустини истиқлол талошҳои кишвар бештар ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шуда бошанд, дар марҳалаҳои баъдӣ Тоҷикистон ба пешбурди масъалаҳое рӯй овард, ки аҳамияти онҳо аз доираи манфиатҳои як кишвар ё минтақа фаротар мераванд. Дар ҳамин замина, масъалаҳои об, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон қарор гирифта, ба яке аз самтҳои шинохта ва устувори фаъолияти дипломатии кишвар табдил ёфтанд.
Дар миёни дастовардҳои сиёсати хориҷии даврони истиқлол ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷойгоҳи хос доранд. Ин ташаббусҳо, ки бо роҳбарӣ ва ибтикори пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шудаанд, имрӯз ба яке аз самтҳои эътирофшудаи фаъолияти байналмилалии кишвари мо мубаддал гардидаанд.
Моҳияти ин сиёсат танҳо ба пешниҳоди қатъномаҳо ё баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Аҳамияти асосии он дар он аст, ки Тоҷикистон тавонист масъалаи обро аз доираи як мавзуи пурра соҳавӣ берун орад ва онро бо масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, энергетика, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор пайванд диҳад. Ба ҳамин васила, дар рӯзномаи байналмилалӣ фаҳмиши фарогиртаре шакл гирифт, ки тибқи он об на танҳо захираи табиист, балки яке аз пояҳои асосии ҳаёт, рушди инсон ва пешрафти ҷомеа маҳсуб мешавад.
Чунин мавқеъ, пеш аз ҳама, аз воқеияти табиию ҷуғрофии худи Тоҷикистон сарчашма мегирад. Кишвари мо соҳиби 947 рӯд буда, дарозии умумии онҳо аз 28 ҳазор километр зиёд аст, беш аз 1300 кӯли табиӣ дорад, ва ҷараёни миёнаи бисёрсолаи рӯдҳои мо тақрибан 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, кишвар аз имкониятҳои назарраси гидроэнергетикӣ бархурдор аст, ки барои рушди иқтисод, таъмини неру, пешрафти иҷтимоӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум аҳамияти ҳаётӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, масъалаи истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об аз рӯзҳои аввали истиқлол ба яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Тоҷикистон аз ибтидо кӯшид, ки ҳалли масъалаҳои обро на аз роҳи ихтилофу муқовимат, балки тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда пайгирӣ намояд - равише, ки минбаъд асоси ташаккули «дипломатияи об»-и кишвар гардид.
Ибтидои ин раванд ба рӯзи 1 октябри соли 1999 рост меояд, вақте ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардад. Ин пешниҳод 20 декабри соли 2000 бо қабули қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ ҷонибдорӣ ёфт. Иқдоми мазкур на танҳо оғози силсилаи ташаббусҳои минбаъдаи Тоҷикистон дар соҳаи об гардид, балки заминаи ташаккули самти комилан нави фаъолияти байналмилалии кишвар низ буд. Аз ҳамин давра Тоҷикистон масъалаи обро пайваста дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба нақши он дар рушди устувор ва зарурати тақвияти ҳамкорӣ ҷалб кард. Дар маҷмуъ, аз оғози асри XXI Тоҷикистон 14 қатъномаи марбут ба масъалаи об пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ба тасвиб расиданд. Далели равшани он аст, ки масъалаҳои аз ҷониби кишвари мо ба миён гузошташуда аз доираи манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, ба ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқанд.
Минбаъд ташаббуси нахустин ба силсилаи пайвастаи иқдомҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Бо пешниҳоди Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», қабул гардиданд.
Дар солҳои охир рӯзномаи байналмилалии кишвар бо масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пайванди боз ҳам қавитар пайдо кард: қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва муайян шудани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати пайгирона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд таъкид кард, ки ин ташаббусҳо алоҳида ва бидуни робита ба вуҷуд наомадаанд, онҳо силсилаи як занҷири ягонаи сиёсиро ташкил медиҳанд. Нахуст, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мавзуи об ҷалб карда шуд, сипас, ин таваҷҷуҳ ба сафарбарии амалии талошҳо мубаддал гардид, амалҳо заминаи тақвияти ҳамкориро фароҳам оварданд ва худи ҳамкорӣ, дар навбати худ, ба рушди устувор ва фаҳмиши амиқтари пайванди ногусастании об, иқлим, пиряхҳо ва илм роҳ кушод. Ин пайдарпайии мантиқӣ ба фаъолияти Тоҷикистон дар соҳаи об вусъат ва мазмуни тозае бахшида, мавқеи кишварро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва васеъ кардани ҳамкории байналмилалӣ мустаҳкам гардонд.
Дар ин радиф, «Раванди оби Душанбе», ки соли 2018 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, оғоз ёфт, ҷойгоҳи хос дорад. Ин раванд ҳамчун платформаи фарогири муколама ва ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи об, пайгирии натиҷаҳои ҳамоишҳои байналмилалӣ ва мусоидат ба татбиқи уҳдадориҳои қабулшуда хизмат мекунад. Имкониятҳои фарохи «Раванди оби Душанбе» барои ба ҳам овардани давлатҳо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои илмию коршиносӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ ба он мақоми муҳимро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об бахшидааст.
Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии об, махсусан, ҳангоми баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 равшан зоҳир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия ҳамраисии ин Конфронсро ба уҳда доштанд, нахустин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонии СММ оид ба об пас аз қариб панҷ даҳсола. Конфронс на танҳо таваҷҷуҳи сиёсиро ба масъалаи об тақвият бахшид, балки ба ташаккули Рӯзномаи амал дар соҳаи об ва оғози марҳилаи нави пайгирии уҳдадориҳои байналмилалӣ замина гузошт.
Дар ҳамин замина, аҳамияти «Раванди оби Душанбе» боз ҳам бештар гардид. Имрӯз ин платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси соли 2023, омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва баргузории Конфронси навбатии СММ оид ба об дар соли 2028 дар Душанбе хизмат мерасонад.
Самти дигари муҳими фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон пайванди масъалаҳои об бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки пайвастагии мустақими масъалаҳои обу иқлимро пайгирона матраҳ намуд. Пешниҳоди эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», маҳз аз чунин дарки фарогир сарчашма гирифт. Қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ бо пуштибонии васеи кишварҳои узв қабул гардида, масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ба сатҳи нави таваҷҷуҳи байналмилалӣ баровард.
Дар баробари аҳамияти сиёсӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон натиҷаҳои амалӣ низ ба бор оварданд. Онҳо ба таҳкими эътибори кишвар, густариши робита бо шарикони рушд, афзоиши таваҷҷуҳи ниҳодҳои байналмилалӣ ба масъалаҳои обу энергетика ва тавсеаи ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуданд. «Раванди оби Душанбе», дар баробари аҳамияти ҷаҳонӣ, ба пешбурди ислоҳоти соҳаи об, таҳияи стратегияҳои миллӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири истифодаи сарфакоронаи захираҳои об низ такон бахшидааст.
Баҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба ин сиёсат низ қобили таваҷҷуҳ аст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафари худ ба Душанбе, 5 июли соли 2024, изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои муносибат ба захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон кишвари пешсаф аст ва нақши барҷастаи он дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ намоён мебошад.
Мубрамияти чунин равиш бори дигар аз ҷониби худи ҷомеаи ҷаҳонии об тасдиқ мегардад. Далели ин «Ҳисоботи ҷаҳонии сиёсати об - 2026» (2026 Global Water Policy Report) аст, ки онро Гурӯҳи сиёсати об (Water Policy Group) якҷо бо Донишкадаи ҷаҳонии оби Донишгоҳи Уэльси Ҷанубии Нав (UNSW) таҳия кардааст. Барои таҳияи ҳисобот вазирон ва сарони мақомоти давлатии об аз 102 кишвари узви СММ пурсиш шуданд ва аз натиҷа аксарияти онҳо, пеш аз ҳама, аҳамияти ду нуктаро қайд намуданд: роҳнамоии амалӣ оид ба сиёсат ва таҷрибаи мудирияти об ва тавофуқ дар атрофи принсипу меъёрҳои муштарак, ки татбиқи онҳоро дар сатҳи миллӣ осон мегардонад, аммо нуктаи бештар ҷолибаш он аст, ки муаллифони ҳисобот ҳангоми баррасии пешниҳодҳои нави чаҳорчӯби ҷаҳонии об, мустақиман, «Эъломияи Душанбе»-ро, ки бевосита ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об вобаста аст, ҳамчун намунаи чунин равиш зикр кардаанд. Ин далели равшани эътирофи байналмилалии ташаббуси Пешвои миллат мебошад.
Ҳамзамон, роҳбарони соҳаи об тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, обхезӣ ва афзоиши тақозои обро ҳамчун бузургтарин хатарҳои берун аз доираи назорати мустақими давлатҳо арзёбӣ намуданд, хусусан ҳамон масъалаҳое, ки дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қарор доранд. Дар баробари ин, ҳисобот нишон медиҳад, ки норасоии маблағгузорӣ ва мушкилоти мудирияткунӣ то ҳол монеаҳои асосии расидан ба ҳадафи 6-уми рушди устувор (дастрасии умумӣ ба об ва беҳдошт) мебошанд, дар ҳоле ки барои 96 фоизи кишварҳои иштирокчӣ ин ҳадаф муфид арзёбӣ мешавад. Аксарияти роҳбарони об - беш аз 80 фоиз - ҳамоҳангсозии беҳтари фаъолияти обии Созмони Милали Муттаҳидро муфид медонанд, равише, ки «Раванди оби Душанбе» солҳост дар амал татбиқ мекунад. Конфронси навбатии оби СММ дар соли 2026 таҳти ҳамраисии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал баргузор хоҳад шуд, ки натиҷаҳои он, ба гуфтаи муаллифони ҳисобот, метавонад заминаи мустаҳками ҳамкории ҷаҳониро то Конфронси соли 2028 дар Душанбе фароҳам оварад.
Дар идомаи ҳамин сиёсати пайгирона, Тоҷикистон имрӯз ба марҳилаи нави ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об назар дорад. Дар ин замина, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи «Чаҳорчӯби оби Душанбе» ҳамчун паёми рӯ ба оянда аҳаммияти хос касб мекунад. Мантиқи ин ташаббус аз он иборат аст, ки анҷоми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, набояд ба коҳиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об оварда расонад. Баръакс, таҷрибаи андӯхтаи даҳсола, натиҷаҳои конфронсҳои оби СММ дар солҳои 2023 ва 2026, Рӯзномаи амал дар соҳаи об ва имкониятҳои «Раванди оби Душанбе» бояд барои ташаккули як самти равшан, ҳамоҳанг ва амалгароёнаи ҳамкории байналмилалӣ дар давраи баъди соли 2028 истифода шаванд.
Ҳадафи «Чаҳорчӯби оби Душанбе» на таъсиси сохтори нави мувозӣ ва на бор кардани уҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи давлатҳост. Баръакс, он ҳамчун санади ихтиёрӣ, чандир ва ба татбиқ нигаронидашуда пешбинӣ гардидааст, ки бояд ба ҳамоҳангсозии беҳтари иқдомҳои мавҷуда, таҳкими зарфиятҳои миллӣ, мубодилаи дониш ва таҷриба, рушди ҳамкории технологӣ ва сафарбарсозии захираҳои молиявӣ мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, чаҳорчӯб метавонад ҳамчун воситаи пайвасткунандаи уҳдадориҳои мавҷуда бо натиҷаҳои мушаххаси амалӣ хидмат кунад ва ҳамкории ҷаҳониро дар соҳаи об баъди соли 2028 ба марҳилаи устувортар ворид созад.
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери сарпарастӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми 35 соли Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуд. Онҳо на танҳо ба боло рафтани нуфуз ва мақоми пешсафи байналмилалии кишвар мусоидат карданд, балки заминаи як равиши хоси дипломатияи созандаро гузоштанд, ки меҳвари онро муколама, ҳамкорӣ, шарокат ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ташкил медиҳад.
Агар дар оғози роҳи истиқлол Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои муаррифии мавқеъ ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ талош мекард, имрӯз кишвари мо худ дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳми муассир мегузорад. «Чаҳорчӯби оби Душанбе» метавонад марҳилаи навбатии ҳамин роҳ гардад - аз пешбурди ташаббусҳо ба ташаккули заминаи дарозмуддати ҳамкории байналмилалӣ, ки таваҷҷуҳи сиёсиро ба амал, уҳдадориҳоро ба натиҷа ва шарокатро ба пешрафти мушаххас табдил медиҳад. Конфронси оби СММ дар соли 2028 дар Душанбе, дар ин замина, метавонад на танҳо ҷамъбасти Даҳсолаи амал, балки оғози марҳилаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об гардад.
Сироҷиддин МУҲРИДДИН,
вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
