https://sadoimardum.tj

Пешвои миллат ва рушди соҳаи нақлиёт

№:72 (4968), 05 июн 2025, 08:06
0

9-уми сентябри соли 1991 дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ ба амал омад. Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Истиқлол мебоист масъулияти ҳамватанони моро ҷиҳати истеҳком бахшидани пояҳои давлати мустақил зиёд мекард. Мутаассифона, дар ин давра ашхоси манфиатхоҳу қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ҳадафҳои ғаразнокашонро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ба бахти миллати тоҷик дар чунин вазъияти ҳассосу тақдирсоз ба майдони сиёсат шахсияте ворид гардид, ки тавонист бо шуҷоату мардонагӣ ва сиёсати хирадмандона халқи тоҷикро аз коми оташу вартаи нобудӣ раҳонад.

Бо азму талош ва хиради азалии фарзанди содиқи Ватан, абармарди сулҳовару ҷоннисори таърихи навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикис­тони соҳибистиқлол офтоби хушбахтию осудагӣ тулӯъ кард. Сулҳу сафо, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкорию созандагӣ пойдор гардид.

Дар баробари андешидани тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини сулҳу оромӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешони тоҷик, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ Сарвари давлат талош намуданд, ки Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид табдил диҳанд. Азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат буд, ки раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон табдил ёфт. Он замон соҳаи нақлиёт, бахусус роҳҳои мошингард дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ хисороти зиёд дид. Вазъи соҳа аз ҳад зиёд ташвишовар буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин масъала дар китоби худ «Уфуқҳои истиқлол» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла, чунин нигоштаанд: «То соли 1997 ҳамагӣ 42 дарсади роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 20 дарсади роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш буданду халос, ки аз он 73 дарсад дар ҳолати паст, 26 дарсад дар ҳолати миёна ва танҳо 1 дарсад дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд».

Тавре медонем, кишвари Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳистон ташкил медиҳад, ба се қисмат - Бадахшон, Суғд ва марказу ҷануб ҷудо шуда, ҳамасола то шаш моҳ рафтуомад байни ин гӯшаҳои диёр имконнопазир буд. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи роҳу нақлиёт Парлумони кишвар 12-уми декабри соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ва кодексу стратегияҳои дигарро қабул намуд, ки барои амалӣ сохтани ин ҳадафи калидӣ нақши бориз гузошт.

Ҳамин тариқ, пас аз соли 1997 бо ҷидду ҷаҳд, ташаббус ва иродаи матину иқдомҳои бисёр ҳам ҷиддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ аз афсона ба ҳақиқат табдил дода шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда аз соли 2000 татбиқи стратегияи махсуси рушди комплексии соҳаи нақлиётро оғоз намуд, ки дар солҳои минбаъда самараи хуб ба бор овард. Дар ин давра бо 34 давлати хориҷӣ вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Инчунин, барои рушди равобити байналмилалии Тоҷикистон дар самти нақлиёти автомобилӣ 12 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба имзо расид, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намуда истодаанд.

Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 дастовардҳои бист соли охири соҳаи нақлиётро таҳлил карда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шуд».

Бо талошу ташаббусҳои хастанопазири Пешвои миллат давлати мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шуда, Тоҷикистони сепорча ба як мамлакати воҳид табдил ёфт. Ҳамзамон, тариқи долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани он таъмин гардид ва ҳама мушкилоту тангдастиҳои соҳа моли таърих гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 вазъи соҳаи нақлиёт мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дастовард ва нақшаҳои дурнамо муайян гардиданд. Тибқи нишондоди Паёми навбатӣ дар соли 2024 роҳсозони тоҷик ба муваффақиятҳои камназир ноил шуданд. Ин нуктаро Пешвои миллат зимни ироаи Паём чунин иброз доштанд: «Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, роҳҳои мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар-Левакант-Лолазор-Данғара» - 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд».

Инчунин, ҳамин сол таҷдиду навсозии роҳҳои мошингарди «Данғара-Гулистон» бо масофаи 50 километр ва роҳи байни «Гулистон-Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, хизмату ҳимматбаландии соҳибкорону сокинони ватандӯстро барои бунёду таъмири роҳҳо амали ватандӯстона номида, қайд карданд, ки афроди алоҳида маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъкардаи худро барои таъмири роҳҳо масраф карданд, ки кори савоб мебошад. Тибқи нишондоди Паём, соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расид.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, яке аз ҳадафҳои муҳими худро рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муайян намудааст. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби Президенти мамлакат солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шуд.

Рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ–логистикӣ ба баландбардории иқтидори рақобатпазирии ширкатҳои дар бозорҳои милливу байналмилалӣ амалкунанда таъсири амиқ мегузорад. Дар низоми иқтисодӣ нақлиёт яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, бе роҳу нақлиёт гардиши савдо ғайриимкон аст. Самараи гузариши соҳаи нақлиёт ба низоми рақамикунонӣ, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки аз ҳисоби гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва аз низоми зеҳнии нақлиётӣ инфрасохтори сифатнок ва бехатарии роҳ таъмин гардида, ҳаҷми боркашонии автомобилӣ байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои алоқаи байналмилалӣ афзояд.

Дар Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низoми пардoхти электрoнӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди амал қарoр дoрад. Айни замон пардохти ҳаққи роҳкирои хизматрасонии нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои электронӣ ва дигар намуди пардохтҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст. Ин раванд дар дoираи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ амалӣ шуда, рoҳҳoи нави хизматраcoнирo таъмин мекунад.

29 октябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», озмоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Акнун бо амалӣ шудани низоми мазкур имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ танзим шаванд. Бо истифода аз чунин низоми муосири соҳаи роҳу нақлиёт то кунун аз 5567,8 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи қаламрави кишвар 5266,3 км ё 94,5 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳамин иқдомоту дастовардҳо буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаи баландро ишғол намуд. 

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паё­машон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.

Дар баробари ин, Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо ­риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд».

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январи соли 2025 баргузор гардид, ба вазорату идораҳо супориш доданд, ки ба масъалаҳои ташаккули иқтисоди «сабз», раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани иқтисоди «сабз» дар кишвар «Барномаи рушди нақлиёти автомобилии барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 ба тасвиб расидааст, ки дар амалисозии инноватсия ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёти барқӣ нақши муҳим дорад. 

Дар доираи амалишавии барномаи мазкур дар шаҳри Душанбе консепсияи махсус барои солҳои 2024-2026 қабул гардида, то имрӯз нақлиёти кироякаши таксӣ пурра, нақлиёти миёнаҳаҷм ва калонҳаҷм (микроавтобус ва автобусҳо) қисман ба энергияи «сабз» гузаронида шуданд. 

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ноил гаштан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, ки яке аз ҳадафҳои меҳварӣ дар сиёсати имрӯзи кишвар маҳсуб мешавад, талош меварзад. Зеро бо таҳким, рушд ва вусъатёбии иқтисоди рақамӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоёнтареро соҳиб хоҳад гашт. Муҳимтар аз ҳама, бо амалӣ гаштани ин ҳадафи муҳим, дастрасии аҳолӣ ва субъектҳо ба интернети баландсуръат сифати хизматрасонии рақамӣ беҳбуд ёфта, шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ин бахш зиёд хоҳад шуд.

Албатта, ин ҳама дастовардҳои шоён ҳамагӣ самараи талошу заҳматҳои хастанопазири фарзанди фарзонаи миллат, абармарди олами сиёсат, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин ҳама самараи татбиқи он сиёсати бобароре маҳсуб мешаванд, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ гирифта, имкон фароҳам намуд, ки идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфта ба воқеият табдил ёбанд. Мо - шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки ватандӯстӣ ва ватансозиро аз Пешвои миллат омӯхта, амалҳоеро анҷом диҳем, ки мояи ифтихор бошанд.

Фирдавс САИДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: