Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
7 июн суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири Покистон ба ифтихори иди саиди Қурбон мубодилаи табрикот намуданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин, ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии пойдор орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, алоқаманди ду ҷониб ба пешбурди ин муносибатҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152, №12, мод. 577; с. 2024, №5-6, мод. 257;
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Бо паёми раҳнамунсоз дар назди интихобкунандагон
Дар доираи вохӯрии вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Фарзона Хоҷазода
