https://sadoimardum.tj

Боздиди бонувон аз бинои нави парлумон

№:119 (5171), 05 окт 2026, 16:53
2

Дуюми октябри соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овар-данд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати меҳмонон вохӯрӣ намуда, доир ба таърих, дастовардҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Маҷли-си намояндагон суҳбат оростанд.
Шиносоӣ бо тартиби кори Маҷлиси намояндагон ва тамошои нақшу нигори бинои парлумон, боздид аз дафтарҳои кории вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба ҳайати меҳмонон таассуроти нек бахшид.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: