Аз кумитаҳои Маҷлиси миллӣ
13-уми октябри соли 2026 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», ки дар шакли мукам-мал қабул гардидааст ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ко-декси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энер-гия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»-ро баррасӣ ва ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.
12-уми октябри соли 2026 дар Маҷлиси миллӣ ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон доир гардид.
Зимни ҷаласа аъзои кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.
12-уми октябри соли 2026 Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҷаласа доир намуд.
Дар ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо-раи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубо-диён ва номгузорӣ намудани он мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Шурои Маҷлиси миллӣ хулоса пешниҳод шуд.
13-уми октябр ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор гашт.
Аъзои кумита панҷ масъала - Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассот-сиатсияи истифодабарандагони об»-ро баррасӣ намуда, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карданд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
