https://sadoimardum.tj

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Дарвоз

№:126 (5178), 16 окт 2026, 17:37
3

14-уми октябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ ташриф оварданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахуст, дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея» дидан намуданд. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиё­да аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гӯшти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисони хоҷагӣ баҳои баланд доданд.
Дар идома, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллию маҳаллӣ боздид намуданд.
Зикр гардид, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ сохта шудааст. Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.
Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз 160 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дошта, шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ин минтақа дидан менамоянд.
Давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи июни соли 2026 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2026 бо риояи талаботи сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расидааст.
Зимни шиносоӣ ба муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки варзишгоҳ дар масоҳати 3328,0 метри мураббаъ бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Майдони мазкур бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ва бо назар­дошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи инфрасох­тори варзишӣ бунёд гардидааст. Иншооти нави замонавӣ дар деҳаи Қалъаи Хумб барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд гардида, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии футбол заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сокинони ноҳия барои фароҳам овардани чунин шароити мусоиди варзиш, ки бо дастур ва ҳидояти бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст, сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди варзиш дар минтақа ва кишвар, дарёфти истеъдодҳои нав, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи солим ва ватандӯстӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Академияи футболи ВМКБ-ро ба истифода доданд.
Бинои Академияи футбол аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии 7800 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Иншоот дорои хонаҳои хоб, толори машварат, ҳуҷраҳои кор, толори варзиш, ҳуҷраҳои либос­ивазкунӣ, ҳаммом ва ошхона барои 40 нафар мебошад.
Майдони футболи академия дорои 2000 ҷойи нишаст буда, бо риояи стандартҳои байналмилалии майдонҳои варзиш ва ҷавобгӯ ба талаботи ФИФА сохта шудааст.
Сохтмони академия дар асоси дастури муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ моҳи марти соли 2026 оғоз ёфта, моҳи сентябри ҳамин сол дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расидааст.
Бунёди иншооти мазкур аз иқдомҳои варзишпарваронаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб рафта, ба ҷалби кӯдакону наврасон, ҷавонону бонувон ба ин намуди варзиш заминаи хуб фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар тамоми шаҳраку ноҳияҳои кишвар бунёди чунин иншооти варзишию солимгардонӣ вусъат ёфта, барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими солимии ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ба масъалаи нигоҳдорӣ, истифодаи самаранок ва таъмини ҳолати санитарию техникии варзишгоҳҳо, майдонҳои футбол ва дигар иншооти варзишию солимгардонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри ҳамеша тозаву озода, ободу зебо ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд, зеро маҳз дар чунин иншооти ҷавобгӯ ба талаботи муосир наврасону ҷавонон метавонанд маҳорати варзишии худро сайқал дода, ба мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омодагӣ бинанд.
Ҳадафи асосӣ аз бунёду нигоҳдории чунин иншоот на танҳо муҳайё намудани шароити мусоид барои машғул шудан ба варзиш, балки тарбияи насли солиму неруманд, дарёфти истеъдодҳои нав ва ба камол расонидани варзишгароне мебошад, ки дар оянда шарафи давлату миллати тоҷикро дар мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ баланд бардоранд.
www.dushanbe.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: