Ифтитоҳи ду иншооти муҳим дар Шамсиддин Шоҳин
Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардид.
Дар расми ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.
Сардхона аз ду ошёна иборат буда, он дар масоҳати 1600 метри мураббаъ барои 500 тонна меваю сабзавот сохта шудааст. Дар он 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Маблағи умумии лоиҳавии сохтмон 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар он таҷҳизоти зарурии наву замонавӣ насб гардидааст, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ медорад.
Ҳамчунин, бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар маҳаллаи Ориёндеҳи ноҳия варзишгоҳ бо 6000 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони варзишгоҳ моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта, масоҳати умумии он 54 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки бо маблағи 29 миллиону 657 ҳазору 401 сомонӣ бунёд гардидааст.
Инчунин, дар варзишгоҳ барои 45 воситаи нақлиёт низ таваққуфгоҳ сохта шудааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
