https://sadoimardum.tj

Дар Ваҳдат 5 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфт

13 окт 2026, 11:05
8

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат 820 иншооти соҳаҳои саноат, тандурустӣ, маориф, варзиш, истироҳатию фарҳангӣ, хизматрасонӣ, савдою хӯроки умум, биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва пулу роҳҳо сохта ба истифода дода шуд, ки дар ин иншоот наздики 5000 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Баҳри амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Захираҳои табиии шаҳр, аз ҷумла конҳои ангиштсанги «Сайёд», гранити «Хушон», флюорит, масолеҳи бинокорӣ, сангҳои ороишӣ, обҳои маъданӣ, гиёҳҳои шифобахш ва ашёи хоми кишоварзӣ ба рушди саноати шаҳр такони ҷиддӣ бахшидааст.
Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 134 корхонаю коргоҳи саноатӣ фаъол буда, истеҳсоли маҳсулот дар аксари онҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: