Саховатпеша
Обод намудани як гӯшаи Ватан, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ аз ҷумлаи иқдомҳои шоистаест, ки дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша назаррас буда, бо ташаббус ва иқдомҳои онҳо дар гӯшаю канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат меёбанд.
Яке аз чунин соҳибкорони ватандӯст Ҳакимҷон Ҷобирзода, зодаи шаҳри Кӯлоб, мебошад, ки бо иқдомҳои созанда ва корҳои хайрхоҳонаи худ дар ободонии диёр саҳм мегузорад. Ӯ ғамхорӣ ба мардум ва масъулиятро дар назди ҷомеа аз арзишҳои муҳими зиндагӣ медонад.
АЗ ОРЗУ ТО ВОҚЕИЯТ
Ҳакимҷон Ҷобирзода аз овони кӯдакӣ ба соҳибкорӣ шавқу рағбат дошт. Пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Академияи милитсия идома дода, онро бомуваффақият хатм намуд. Бо вуҷуди идомаи фаъолияти меҳнатӣ дар сохторҳои қудратии кишвар орзуи кӯдакиашро фаромӯш накард. Падараш, ки ба тиҷорат машғул буд, барои ӯ намунаи ибрат ба ҳисоб мерафт. Пас аз даргузашти падар Ҳакимҷон Ҷобирзода роҳи ӯро идома дода, тадриҷан фаъолияти соҳибкориашро густариш бахшид. Аз соли 2010, баъди ба нафақа баромадан, фаъолияти соҳиб-кориро пеша карда, дар баробари рушди кори худ ба корҳои ободонию хайриявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
ФАРЗАНДИ ДЕҲА, ҲАМДАМИ ДЕҲА
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳакимҷон Ҷобирзода дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва беҳтар наму-дани шароити зиндагии сокинони деҳот мебошад. Бо саҳми ӯ дар деҳаи Тебалайи ноҳияи Муъминобод як қа-тор корҳои созандагӣ амалӣ гардидаанд.
Ӯ, инчунин, ба ободонии маҳаллаи Даминзода, ки айёми кӯдакиаш он ҷо гузаштааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қубурҳои обро бетонпӯш кардааст. Ҳамчунин, кӯчаи Фирдавсии деҳа бо саҳми ӯ асфалтпӯш гардидааст.
Аз ҷумлаи корҳои анҷомдода мумфарш кардани роҳи деҳа, беҳтар намудани таъминоти барқ ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани тақрибан 100 хоҷагӣ мебошанд. Ин иқдомҳо ба осон гардидани зиндагии соки-нон ва беҳтар шудани шароити рӯзгори онҳо мусоидат кардаанд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси ӯ дар деҳаи Боғҳабиб майдончаи варзиши зимистона барои наврасон ба истифода дода шудааст. Бунёди чунин иншоот барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати онҳо аҳамияти муҳим дорад.
Дар деҳаи Тебалай бо дастгирии ин соҳибкори саховатпеша бунгоҳи тиббӣ бунёд гардида, барои хизматра-сонии тиббӣ ба сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин муассиса сокинони маҳаллӣ фаъоли-ят мекунанд, ки ин иқдом, ҳамзамон, ба таъсиси ҷойҳои кор мусоидат мекунад.
Ҳакимҷон Ҷобирзода бар он назар аст, ки соҳибкорӣ танҳо воситаи ба даст овардани даромад не, балки им-кониятест барои саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа, дастгирии ниёзмандон ва ободонии маҳали зист.
ТУҲФА БА НАСЛИ ОЯНДА
Яке аз иқдомҳои муҳими созандагӣ, ки бо саҳми оилаи Ҷобирзодаҳо амалӣ гардид, таъмиру навсозии муас-сисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабов дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
5-уми октябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб муассисаи мазкурро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки бинои қаблии ин муассиса соли 2004 бунёд шуда, бо гузашти вақт ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз пайдо карда буд. Бо саҳми оилаи Ҷобирзодаҳо ва ҷалби 200 коргари маҳаллӣ корҳои таъмиру навсозӣ дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуданд.
Айни замон дар бинои навсозишуда 2600 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Фароҳам омадани шароити муосири таълим барои баланд бардоштани сифати донишомӯзӣ, беҳтар намудани фаъоли-яти омӯзгорон ва тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меорад. Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбия аз иқдомҳои муҳимест, ки натиҷаи он дар ояндаи ҷомеа ва рушди давлат таҷассум меёбад. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, сармоягу-зорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
САХОВАТ - АРЗИШИ ЗИНДАГӢ
Хизмат ба мардум, обод кардани маҳали зист ва дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи амалҳое мебо-шанд, ки дар хотири ҷомеа нақш мебанданд. Фаъолияти Ҳакимҷон Ҷобирзода низ намунаи он аст, ки имкони-ятҳои соҳибкорӣ метавонанд барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум истифода шаванд.
Барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳакимҷон Ҷобирзода медали ҷашнии «30-солагии Истиқлоли-яти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим гардид.
Ҳакимҷон Ҷобирзода бо идомаи роҳи неки падар ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ нишон медиҳад, ки соҳибкори муваффақ метавонад дар баробари рушди фаъолияти худ барои ободии Ватан низ масъулият эҳсос намояд. Чунин иқдомҳо сазовори дастгирӣ буда, метавонанд барои дигар соҳибкорон намунаи ибрат гарданд.
Ӯ зимни суҳбат изҳор дошт, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва дастгирии соҳиб-корони ватанӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сипосгузор аст. Ӯ, махсусан, ба Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба рушди соҳиб-корӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ободонии кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.
«Дар оянда ният дорам, ки иқдомҳои созандагию хайрхоҳонаро идома дода, дар шаҳри Кӯлоб боғчаи бача-гона бунёд намоям. Амалӣ гардидани ин ташаббус барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тар-бияи кӯдакон, дастгирии оилаҳо ва беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард», - гуфт дар фарҷоми суҳбат Ҳакимҷон Ҷобирзода.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
