https://sadoimardum.tj

Маъруфияти «Pamir qold» дар дохилу хориҷи кишвар

09 июн 2025, 08:06
5

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-уми майи соли равон зимни суханронӣ дар Cеминар–машварати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара оид ба фаъолияти хуби баъзе корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон ибрози назар карда, фаъолияти онҳоро барои дигар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат намуна арзёбӣ карданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насим», ки ба истеҳсоли шириниҳои мевагӣ машғул аст, соли 2024 дар рӯзҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон ба фаъолият оғоз намуд. Муассиси он Набот Додхудоева пешрафти корхонаро файзи қадами мубораки Пешвои миллат унвон карда гуфт: «Соли гузашта Сарвари давлат корхонаамонро ифтитоҳ намуданду дар корамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Яъне, бо ташрифи Пешвои миллат фаъолияти мо ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Мо соҳиби бинои нави замонавӣ гардидем ва фурӯши маҳсулоти корхонаамон дучанд зиёд шуд. То ин вақт маҳсулоти корхона дар сехи на он қадар калон омода мешуд. Шароит имкон намедод, ки истеҳсоли маҳсулот ба таври дилхоҳ пеш равад».

Нахустин тасмими гирифтаи «Насим» таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат буд. «Насим» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якумин корхонаест, ки ба истеҳсол ва бандубасти шириниҳои аз тут омодашуда машғул буда, маҳсулоти хушсифати он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар харидорони зиёд дорад. Айни ҳол дар корхона 12 навъи ширинӣ аз тут бо омехтаи зағир, ҷав, қулфинай, анор, лиму, бодиён, имбир, протеин, пудина, какао ва чормағз омода карда мешавад.

Ба андешаи роҳбари корхона Набот Додхудоева захираи фаровони меваҳои шифобахши табиати Бадахшон пурра истифода нагардидаанд. Биноан, тасмим доранд, ки ояндаи наздик чунин маҳсулотро аз себу зардолу ва дигар меваҳои фоиданок низ омода карда, пешкаши мизоҷон намоянд. Муҳим он аст, ки ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёвӣ истеҳсол мегарданд.

Корхона дорои таҷҳизоти муосир буда, барои истеҳсоли шириниҳо корхона тут ва дигар маҳсулотро аз ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшону Шуғнон харидорӣ намуда, ба ин васила фурӯшандагони маҳсулот низ соҳиби музд мешаванд. 

Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ташхис шуда, сипас ба савдо бароварда мешавад. Айни ҳол дар корхона 12 корманд кор мекунанд. Маҳсулоти хушсифати корхона тибқи шартнома ба хориҷи кишвар низ содир шуда, он борҳо дар намоишгоҳҳо сазовори сипосномаву шоҳҷоизаҳо гардидааст.

Имрӯз маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона бо унвони «Pamir qold» дар қатори дигар армуғони Бадахшон ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷиву дохилӣ тақдим мегардад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: