Гидропоника чист?
Дар робита ба парвариши гидропоника бо мудири шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Фаррух Шамсиддинзода суҳбат доштем, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.
- Гидропоника чист ва чӣ гуна парвариш мешавад?
- Хӯрок барои моҳиҳо яке аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад, чунки маҳсулнокӣ, сифати моҳӣ, солимии онҳо ва самаранокии соҳа аз он вобастагии зиёд дорад. Ҳарчанд намудҳои беҳтарини моҳиро парвариш намоем, агар хӯроки онҳо мувофиқи талабот набошад, маҳсулнокӣ кам мешавад. Ба ғайр аз ин, ҳангоми таъмин накардани талаботи моҳӣ бо ғизо ва моддаҳои зарурӣ онҳо ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Яке аз ғизоҳои серсафедаю витаминдор гидропоника ба ҳисоб меравад. Гидропоника парвариши рустаниҳо бе истифодаи хок буда, арзиши аслии маҳсулоти аз он рӯёндашуда 8 маротиба аз орди алафҳо, 5 маротиба аз хӯроки омехта, 7 маротиба аз кунҷора паст аст. Ин намуди хӯрок аз макро ва микроэлементҳо, витаминҳо ва сафеда бой буда, ғизои беҳтарин барои моҳӣ мебошад. Муҳим он аст, ки маҳсулоти тавассути гидропоника рӯёндашуда дар организм ба осонӣ ҳазм шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоидабахш мебошад. Парвариши гидропоника аз шароити иқлими минтақа вобастагӣ дорад. Мо метавонем онро дар ҳама фасли сол ба роҳ монем.
- Афзалияти гидропоника нисбат ба дигар хӯрокҳо дар чӣ зоҳир мегардад?
- Афзалияти асосӣ он аст, ки аз 1 кг дони хушк 5-7 кг гидропоника тайёр гардида, ғизои сабзи серсафедаю витаминдор дар 4 фасли сол мебошад. Махсусияти дигар он аст, ки хӯрок исроф нашуда, ҳамзамон, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Гидропоника меҳнати кам ва масоҳати нисбатан хурдро талаб карда, барои баланд шудани иммунитет ва кам шудани касалиҳои гуногун дар моҳӣ кумак мерасонад.
Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки гидропоника барои зуд вазн гирифтани моҳӣ нақши бориз дорад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли гӯшти моҳӣ ба хоҷагиҳое, ки ба парвариши моҳӣ машғуланд, истифодаи гидропоника тавсия дода мешавад.
- Гидропоникаро танҳо барои моҳипарварӣ истифода бурдан мумкин аст?
- Гидропоника хӯроки серғизо буда, моддаҳои таркиби кимиёвии он на танҳо барои моҳии рустанихӯр, балки тамоми ҳайвоноти кишоварзӣ фоидабахш мебошад. Гидропоникаро хӯроки парҳезии чорво номидан дуруст аст, чунки дар таркиби он миқдори зиёди витаминҳо, ферментҳо ва сафеда мавҷуд мебошад. Илова бар ин, таркиби кимиёвии гидропоника аз ғалладонаи ҷав тайёр карда мешавад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки баъд аз омода намудани гидропоника сафедаи дони ҷав 48,3 фоиз зиёд мегардад. Дар таркиби он миқдори аминокислотаҳои лизин 51,2 фоиз метионин - 39 ва синк 107,7 фоиз зиёд мегардад. Ҳамчунин, дар ҳолати тайёр намудани гидропоника аз ғалладонагӣ (дони ҷав) дар таркиби он миқдори витаминҳо аз 87,9 то 371,7 фоиз бештар мешавад.
Мусоҳиб Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





