Зан ва ҷомеа
Азизи дилу нури дидаи шогирдон
Бо эътимод ба неруи офаранда ва созандаю тарбиятгари занону бонувони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикиашон ба муносибати Рӯзи Модар таъкид намуда буданд: «Зани оқилу бомаърифат дар ҳама гуна шароит барои покизагии ахлоқию равонии фарзандаш вақту фурсат ва имконияти мусоидро фароҳам оварда метавонад». Мухотаби Сарвари муҳтарами кишвар модарони тоҷик аст, ки табиатан дорои зеҳни тозаву гиро ҳастанд ва ба андак талошу саъй метавонанд рисолати азалии хешро сарбаландона иҷро намоянд ва фарзандоне чун Рӯдакиву Берунӣ, Фирдавсиву Дақиқӣ, Синову Хайём, Розиву Форобӣ ба камол расонанд.
Ин бор дар бораи нафаре ҳарф мезанем, ки баробари модари ғамхору меҳрубон ва ҳамсари вафодор будан сарвар, оқилу кордон, иззатманд ва маҳбуби халқ аст. Ин бонуи диловар ва меҳнаткаш Мавҷуда Бобоева мебошанд, ки 1 июни соли 1955 дар ноҳияи кӯҳистони Айнӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аввалин таҳсилоти олиро дар риштаи омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гирифта, пасон дар соҳаи кишоварзӣ низ соҳибтахассус гаштааст.
Мавҷудабону фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгори одӣ оғоз намуда, то раиси ноҳияи Айнӣ (1998-2006), пасон дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд (2006-2013), раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи хизмати давлатӣ ва бонкдорӣ (2014-2017) кор кардааст. Аз январи соли 2017 ба ҳайси муовини якуми раиси шурои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дорад. Ду даъват узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои хизматҳои содиқона дар назди халқу Ватан, фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу иттилоот бо мукофотҳои давлатӣ - «Корманди шоиста» ва ордени «Шараф» сарфароз шудааст.
Вақте муаллима ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд фаъолият менамуданд, ба мо - шогирдонашон машварат дода, мегуфтанд: «Ҳар яки мову шумо - занону духтарони даврони истиқлолият агар дар фаъолияти меҳнатӣ ба дараҷае расидаем, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баланд бардоштани мақоми модарону занони тоҷик дар сиёсати Пешвои миллат аз рӯзҳои нахусти роҳбарӣ ба Тоҷикистони азиз ба мову шумо имконоти васеи фаъолият дод. Агар софдилона, бо муҳаббат ба Ватану миллат хидмат кунед, дар фаъолият ба зинаҳои баланд мерасед».
Ин суханҳои қаҳрамони матлаб барои ман, ки он вақт ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара фаъолият мекардам, дастур буд, дастури садоқат ба Ватан, барои сарбаландона тай кардани ҷодаҳои фаъолият, масъулиятшиносӣ. Воқеан, суханҳои ӯ самимӣ, орӣ аз тазвир буд. Муаллимаи азиз шуълае буданд, ки идомаи роҳи фаъолияти моро рушан намуданд.
Албатта, касе, ки ояндаро дидаву ба воқеияти таърих баҳои дуруст дода метавонад, бо тинату нияти пок умри хешро сарфи кори хайр мекунад, чунин маънӣ дорад, ки ӯ ба нафъи халқу миллати худ хизмати шоиста кардааст. Мавҷуда Бобоева аз ҳамин зумра мебошанд. Аз корафтодагон дасти кумак дареғ намедоранд, дилшикастагонро дилшод месозанд. Аз мардуми одии меҳнатқарин то шахсиятҳои донишманду фарҳехта ҳамеша бо ифтихор ва сарбаландӣ аз духтари ҷасуру диловари кӯҳистон ёдоварӣ мекунанд.
Бо ин ки шахсияти маҳбуб, соҳибэҳтиром ва корманди варзида ҳафт даҳаи умрро тай намудаанд, ба назари банда алъон низ неруи ҷавонӣ доранд. Асрори барногии эшон қалби тоза ва нияти холису афкори ноб доштан аст. Дар ин марҳилаи камолот ҳамкорону пайвандон ва мо - шогирдон умедворем, ки Мавҷуда Валиевна бо неру ва ҷасорати ба худ хос корҳои зиёди дигарро ба анҷом мерасонанд, боз ба дилу дидаи шогирдони дигар меҳри Ватан, хизмат ба халқро бо рафтори ҳамидаи хеш ҷо медиҳанд, раҳнамои садҳо шогирдони ҷавон мегарданд.
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





