Энергияи «сабз» - омили рушди устувор
10-уми июни соли 2025 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Равандҳои татбиқи энергияи «сабз» дар роҳи расидан ба «Ҳадафҳои рушди устувор» суҳбати гирди миз доир гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи кори Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар доираи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» баргузор шуд. Дар он татбиқи энергияи «сабз» дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт, ҳолат ва дурнамои истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ва ҳамкориҳои вазорату идораҳо барои эҷоди заминаи устувор ҷиҳати татбиқи равандҳои энергияи «сабз» дар бахшҳои иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи иқтисоди «сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина, рушди устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Ҳангоми баррасии мавзуъ зикр шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, неруи барқ дар кишвар асосан аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мешавад. Бо мақсади ноил шудан ба «Ҳадафҳои рушди устувор», аз ҷумла муқовимат бо тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасии умум ба манбаъҳои неруи арзон ва боэътимод, «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» татбиқ гардида истодааст. Вобаста ба ин, сохтмони бино ва иншооти аз лиҳози истифодаи самаранокии энергия ва дар умум, бунёди шаҳрҳои «сабз» муҳим арзёбӣ гардид.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





