https://sadoimardum.tj

Таътили тобистона

№:75 (4971), 16 июн 2025, 16:32
0

ЧӢ ГУНА ОНРО ХОТИРМОН ГАРДОНЕМ?

Ҳамасола аз моҳи июн дар кишвар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таътили тобистона мебароянд, ки ин давра барои рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо хеле муҳим аст. Онҳо таътилро чӣ тавр бояд гузаронанд, то самаранок ва хотирмон бошад? Ба куҷо бояд раванд? Давоми се моҳ хонандагон бояд ба чӣ кор машғул шаванд? 

Равоншиносон ба ин назаранд, ки агар дар таътили тобистона волидон дар муҳити хона китобхониро ба роҳ монанд, бисёр хуб мешавад.
 Равоншинос Зарина Сафарова таътили тобис­тонаро давраи нисбатан мушкил барои тарбияи насли наврас номида, иброз дошт: «Пеш аз ҳама, дар ҳамин мавсим волидайн фарзандони худро ба машқҳои ҷисмонӣ бояд ҷалб намоянд, зеро беҳаракатӣ ва ба корҳои ҷисмонӣ машғул нашудан ба инкишофи ҷисмонию равонии кӯдакону наврасон зарар мерасонад. Ба деҳа рафтану обутоб додани бадан ва ҳар рӯзро самаранок истифода бурдан низ ба манфиати кор аст».
 Омӯзгорон бар онанд, ки пас аз таътили семоҳа дар моҳҳои аввали соли хониш хислату рафтори хонандагон тағйир меёбад, зеро онҳо таътили худро на ба китобхонию машғулият, балки бо телефонбозию кӯчагардӣ мегузаронанд. 

Омӯзор Кайҳона Назриқулова гуфт, ки бисёр хуб мешавад кӯдакону наврасон дар таътили тобистона ба лагерҳо ҷалб шаванд. Он ҷо кӯдакон ба бозиҳои шавқовару машғулияти маърифатӣ машғул гашта, бо ҳамсолонашон дӯстӣ пайдо намудаву ҳамдигарро беҳтар мешиносанд. Муҳимтар аз ҳама, метавонанд ба китобхонӣ рӯ биёранд. Ӯ гуфт: «Падару модар бояд бештар вақти худро бо фарзандон гузаронанд. Ҳаракат кунанд, ки дар шароити хона низ таътили фарзанд хуш гузарад, зеро таътил барои хонандагон бисёр зарур ва барои барқарор кардани неруи фикрию ҷисмонии онҳо нақши муҳим дорад».

Ба андешаи омӯзгор Мавҷия Сабзалиева таътил замонест, ки барои барқароршавии руҳиву ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст. Биноан, набояд онро беҳуда гузаронид. «Доимо дар ташвишам, ки шогирдонам таътилро чӣ гуна сипарӣ мекунанд. Мехоҳам бештар ба китобхонӣ машғул шаванду чизи наве ёд гиранд. Баъд аз таътили семоҳа бархе шогирдон хислату рафторашонро дигар мекунанд, ки хеле нигаронкунанда аст. Барои хуб гузаронидани таътил бояд то фарорасии он нақшаи муайян дошт. Бисёранд шогирдоне, ки бинобар надоштани нақшаи муайян таътили худро бефоида ва бенатиҷа сипарӣ мекунанд», - афзуд номбурда.

Мушкили дигаре, ки ҳамасола дар таътили тобистона ҷомеаро нигарон мекунад, ин дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ кардани наврасон мебошад, ки дар натиҷа ба нохушӣ меанҷомад.
 Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар дарёҳои кишвар 36 нафар ғарқ шуданд, ки 13 нафари онҳо кӯдакони то 16-сола мебошанд. Мақомот сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷиаҳоро оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон арзёбӣ карда, аз сокинон хоҳиш мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро дар таътили тобистона беназорат нагузоранд.

Барои таътили тобистонаро хотирмон гузарондан имсол аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе, аз ҷумла ба марказҳои кӯдакон ва наврасон, ҷалб гардида, дар маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд. Сарраёсат, ҳамчунин, барои мутолиаи хонандагон китобҳо пешниҳод менамояд. Аз ин рӯ, ба роҳбарони синф супориш дода шудааст, ки баъд аз таътил ҷараёни хониши мактаббачаҳо назорат шавад. Ин яке аз омилҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ мебошад. Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев иброз дошт, ки марказ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тамоми шароит: синфхонаҳои иловагӣ, гӯшаи китобҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба хонандагон пешниҳод гардидаанд ва китобҳоеро, ки барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия дода шудаанд, фароҳам овардааст. Ҳамчунин, дар ин марказ озмунҳои гуногун баргузор мешаванд.

- Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо мақсади самаранок гузаронидани давраи таътил зиёда аз 40 маҳфили забономӯзӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, олмонию чинӣ ва фаронсавӣ, амал менамояд. Инчунин, маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу ботаҷриба машғулият мегузаронанд. Дар марказ маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ фаъолият намуда, дар онҳо таълимгирандагони аз 7 то 21-сола ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд,- гуфт номбурда.

Хулоса, марҳилаи аввали таълиму тарбияи фарзанд дар хона бо роҳнамоии волидайн сипарӣ мешавад. Сипас, мураббию омӯзгорон ин равандро такмил медиҳанд. Ба ибораи дигар, ба хотири фардои дурахшони насли наврас тарафайн бояд мас­ъулиятшинос бошанд. Агар насли наврас босавод ва хештаншиносу ватандӯст бошанд, ҳеҷ гоҳ гумроҳ ва беҳудагард намешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубон ва барои хотирмон гузаронидани таътили онҳо саҳмгузор бошем.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: