https://sadoimardum.tj

Шоҳроҳи ваҳдату дӯстӣ

№:75 (4971), 16 июн 2025, 16:40
0

Муайян намудани стратегияи рушди давлат ва батадриҷ амалӣ гаштани онҳо аз муваффақияти беназири кишвари азизамон Тоҷикистон ва файзи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки батадриҷ амалӣ шуда истоданд. 

Кишвари мо аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ давлати кӯҳсор буда, аз роҳи баҳрӣ дар канор аст. Яке аз мушкилоти асосии аз даврони шуравӣ боқимонда надоштани робитаи мустақиму доимӣ байни минтақаҳо ва маркази кишвар – шаҳри Душанбе буд. Таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ ва сифатҳои беназири сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин мушкилот бартараф гардида, Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил ёфт. Маҳз маҳорати бузурги дипломатии Сарвари давлат буд, ки тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила таҷдиду навсозӣ гардиданд. 

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯйи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид». 

Яке аз шоҳроҳҳои бузурги қаламрави ҷумҳурӣ роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма - сарҳади Чин мебошад, ки барои кишвари мо аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Шоҳроҳ дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд, қитъаҳои алоҳидаи он аз нав таҷдид гардида, корҳои лоиҳакашӣ дар мавзеъҳои дигари он идома дорад. 

Соли 1999 қитъаи роҳи автомобилгарди Мурғоб-Кулма ба истифода дода шуд, ки барои кишвари тоза­истиқлоли мо воқеаи таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми ифтитоҳи он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Аҳамияти бузурги ин шоҳроҳ дар пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати халқи Тоҷикистон, афзудани мақоми геополитикии давлат дар минтақа ба ҳамаи шумо маълум аст». 

Қисмати дигари ин шоҳроҳ, ки барои минтақаи Бадахшон ва дар маҷмуъ, барои кишвари тозаистиқлоли мо роҳи ҳаётӣ маҳсуб мегардад, қитъаи Кӯлоб-Қалъаи Хумб мебошад. Масофаи ин роҳ тӯлонӣ нест, вале аз ҷиҳати мавқеи географӣ касногузар маҳсуб мешуд. Иродаи қавии Пешвои миллат буд, ки ин масири роҳ моҳи январи соли 1999 ифтитоҳ гардид. Доир ба аҳамияти ин роҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо кушода шудани роҳ ва оғоз гардидани рафтуомади нақлиёти байналхалқию дохилӣ Тоҷикистон тамоми фаслҳои сол бо кулли кишварҳои Осиё робитаи доимӣ пайдо мекунад. Ин шоҳроҳ барои Тоҷикистон, воқеан, шоҳроҳи мустақилияти ҷумҳурӣ, шоҳроҳи ваҳдату дӯстии сокинони Тоҷикистон буда, бешубҳа, яке аз омилҳое мебошад, ки ба пешрафти қатъии иқтисодиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард. Мавриди истифода қарор додани ин қитъаи роҳ мушкилоти умдаи сокинони Бадахшонро аз байн бурд ва барои Тоҷикистони соҳиб­истиқлол ҳамчун шоҳроҳи ваҳдат ва таҳкимбахши пояҳои истиқлоли давлатӣ аҳамияти хоса дорад. 

Яке аз қитаъаҳои дигари мушкилгузари ин шоҳроҳ мавзеи Дарвоз-Ванҷ ва даромадгоҳи Рӯшон мебошад, ки солҳои зиёд сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ соатҳои тӯлонӣ онро паси сар менамуданд. Соли 2021 сохтмону навсозии ин мавзеи роҳ оғоз гардида, то имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Ин қитъаи роҳ 109 километр буда, бо пурра таҷдиду нав­созӣ шудан 16 километр кӯтоҳ мегардад. Маблағи лоиҳа 2,5 миллиард сомониро ташкил дода, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 долон бо дарозии 601 метр, ду нақб ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншоот пешбинӣ шудааст. 

Имсол дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин қитъаи роҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Инчунин, мавзеъҳои алоҳидаи ин роҳ, долони зиддитармавӣ, пулҳои мошингузар дар шаҳри Хоруғ ва деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, корҳои лоиҳакашӣ дар қитъаи Рӯшон-Варшези ноҳияи Шуғнон сар шуда, бо анҷоми корҳои лоиҳакашӣ сохтмони он оғоз меёбад. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят, ҳамчунин, чор пул дар болои дарёи Панҷ сохта ба истифода дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Афғонистон робитаи бевосита пайдо намуд. Имрӯзҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бозорҳои наздисарҳадӣ фаъолият менамоянд, ки баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоиданд.

Ҳамин тариқ, хоса боркашонӣ тавассути шоҳроҳи байналмилалиии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ба маротиб зиёд гардида, гардиши савдои хориҷӣ бо давлати Чин миллиардҳо сомониро ташкил медиҳад. Ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосир тавассути ин шоҳроҳ ба раванди амалисозии ҳадафҳои дигари стратегӣ мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлат, пеш аз ҳама, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва бақои давлат аҳамияти бунёдӣ доранд.

Комилбек Амид Ёрбек,

ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев,

доктори илмҳои сиёсӣ,

профессор

Ҳамчунин дигар маводҳо: