Сафари Файзалӣ Идизода ба Лондон
17-уми июни соли 2025 бо даъвати Раиси Палатаи обшинаҳои Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Линдсӣ Ҳойл Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар мулоқоти ҳайатҳои парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи обшинаҳои Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба шаҳри Лондони Британияи Кабир сафар намуд.
18-уми июни соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар шаҳри Лондон бо Раиси Палатаи обшинаҳои Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Линдсӣ Ҳойл мулоқот намуд, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба рушди босуръати муносибатҳои боэътимод бо Британияи Кабир дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, манфиатдор аст. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар равобити байнидавлатии Тоҷикистону Британия мақоми хосаро ишғол намуда, намунаи барҷастаи муколамаи ошкоро, созанда ва пурмазмун аст.
Дар шаҳри Лондон, ҳамчунин, Файзалӣ Идизода бо намояндагони кумитаҳои дахлдор ва гурӯҳҳои вакилони Парлумони Подшоҳии Муттаҳида вохӯрӣ намуда, бо ҳамватанони муқими Британияи Кабир мулоқот кард.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





