https://sadoimardum.tj

Ба истифода додани роҳи автомобилгард дар пойтахт

№:77 (4973) 23 июн 2025, 19:12
12

20-уми июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи автомобилгарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмону навсозӣ баҳри татбиқи «Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» аз 19 апрели соли 2023 оғоз гардидааст. Дарозии роҳи автомобилгард 560 ва паҳноӣ 16 метр бо 4 хати ҳаракат дар ду самтро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар татбиқи лоиҳаи иншооти зикршуда корҳои сохтмону васлкунии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқ, қубурҳои оби гарм, хатҳои алоқа ва равшании беруна пурра амалӣ гардидааст

Инчунин, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмону навсозӣ чароғакҳои роҳнамо ва аломатҳои бехатарии ҳаракат низ пурра васлу насб гардидаанд.

Моҳияти асосии роҳи автомобилгарди зикршуда дар он мебошад, ки баъд аз пурра ба истифода супоридани он тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҳамшафат кам гардида, ҳамчун роҳи автомобилгарди алтернативӣ низ хизмат мерасонад.

www.dushanbe.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: